Октябр 26, 2019 18:42 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии Русия дар бораи роҳзании Амрико дар Сурия

Вазорати дифои Русия аз роҳзании байналмилалии Амрико ва қочоқи нафти Сурия парда бардошт.

Ба гузориши ИРНА, Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия рӯзи шанбе тасовири моҳвораӣ аз бархе манотиқи Сурия мунташир кард, ки нишон медиҳад, нафти Сурия пеш ва баъд аз шикасти ДИИШ таҳти назорати амрикоиҳо бо комюнҳои ҳомили сӯхт ба хориҷ аз Сурия ирсол мешавад.

Конашенков гуфт, бо вуҷуди он ки Амрико нафти Сурияро таҳрим кардааст, бо роҳзании байналмилалӣ моҳона ҳудуди 30 миллион доллар ба ҷайб мезанад.

Сухангӯи Вазорати дифои Русия ин иттилоотро дар вокуниш ба иддаоҳои Марк Эспер, вазири дифои Амрико мунташир карда, ки бар лузуми мондани теъдоде аз сарбозони амрикоӣ дар шарқи Сурия барои ҳифозат аз майдонҳои нафтӣ аз дасти гурӯҳи террористии ДИИШ таъкид карда буд.

Теъдоде аз майдонҳо ва чоҳҳои нафтии Сурия дар манотиқи шимол ва шимоли шарқи ин кишвар хориҷ аз контроли Димишқ аст ва ҷараёни мавсум ба нерӯҳои демократии Сурия, таҳти ҳимояти Амрико бар онҳо тасаллут дорад.

Гузоришҳое низ пештар дар бораи ҳамкории низомиёни амрикоӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ барои қочоқи нафти Сурия мунташир шудааст.  

 

Барчасп