Ноябр 01, 2019 18:33 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми нерӯҳои ҷадиди русӣ ба шимоли Сурия

 Артиши Русия сарбозу техникаи низомии ҷадиде ба шимоли Сурия эъзом кард.

Ба гузориши “Спутник”, 300 сарбозу 20 худрави зиреҳии мутааллиқ ба артиши Русия ба манотиқи шимолии Сурия фиристода шуданд, то дар канори пулиси низомии Русия, ки дар ҳоли гаштзанӣ дар манотиқи марзии Сурия аст, қарор гиранд. Пулиси низомии Русия ҳар рӯз ҳудуди 150 километр дар ин минтақа гаштзанӣ мекунад.

Артиши Туркия 9 октябр барои муқобила бо нерӯҳои курд, ки Анкара онҳоро террорист меномад, ба амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия даст зад. Ба дунболи он Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 22 октябр дар шаҳри Сочии ин кишвар ба тавофуқе даст ёфтанд, ки яке аз бандҳои он гаштзании муштараки нерӯҳои Туркия ва Русия дар шимоли Сурия дар ивази таваққуфи амалиёти низомии Анкара дар ин минтақа аст.

 

Барчасп