Ноябр 01, 2019 19:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба Саъда ва Санъо

Дар ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба устони Саъдаи Яман дастикам 4 ғайринизомӣ захмӣ шуданд.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Ал Масира, ҷангандаҳои Саудӣ хонаи як шаҳрванди яманӣ дар минтақаи Ал Боқим аз тавобеъи устони Саъдаро бомбаборон карданд.

Дар ҳамин ҳол, ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба урдӯгоҳи Ал Фариҷаҳ дар минтақаи Арҳаб дар шимоли Санъо, пойтахти Яман низ ҳамла карданд, ки аз талафоти эҳтимолии он хабаре мунташир нашудааст.

Ҷанги эътилофи Саудӣ алайҳи Яман аз марти 2015 оғоз шуд. Беш аз 100 ҳазор нафар дар ин ҷанг токунӯн ба таври мустақим ва ғайримустақим кушта шудаанд.

 

Барчасп