Оғози парвандаи иттисоли хатти оҳани Сурия ба Ироқ ва Эрон
(last modified Sun, 03 Nov 2019 09:43:42 GMT )
Ноябр 03, 2019 14:43 Asia/Dushanbe
  • Оғози парвандаи иттисоли хатти оҳани Сурия ба Ироқ ва Эрон

Вазорати ҳамлу нақли Сурия эълом кард, Сурия ба манзури иҷроӣ шудани прожаи роҳбурдии иттисоли райлии бандари имом Хумайнӣ (раҳ) ба бандари Лозақия дар ҳоли эҳдоси хатти оҳани Дируззур ва Ал Букамал аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс,  Вазорати ҳамлу нақли Сурия бо ишора ба аҳамияти прожаи райлии иттисоли савоҳили Сурия ба Ироқ ва сипас ба Эрон афзуд, бо эҳдоси ин масири райлӣ, бандари имом Хумайнӣ (раҳ) дар савоҳили Эрон дар Халиҷи Форс ба бандари Лозақия дар дарёи Мидитарона мутасил мешавад.

Вазорати ҳамлу нақли Сурия тасреҳ кард, масири райлие, ки Дируззурро ба Ал Букамал муттасил мекунад бо суръат дар ҳоли эҳдос аст ва бахше аз меҳвари ҳамлу нақли байналмиллалии ғарб ва шарқи бандарҳои Сурия як гузаргоҳи стратегӣ барои Сурия ва Ироқ ба ҳисоб меояд.

Бар асоси ин гузориш роҳи оҳани Лозақия низ амалиёти иҷроии прожаи сохти хатти райлиие, ки меҳвари Тартос-Лозақияро ба минтақаи озоди Лозақия муттасил мекунад оғоз кардааст.

Дар нишастҳои сеҷонибаи як соли ахир миёни Эрон, Ироқ, Сурия, тавсеаи ҳамлу нақли райлӣ, афзоиши транзит, тавсеаи содирот ва воридот ва наҳваи иттисоли роҳи оҳани Шаламча ба Басра ба манзури барқарории кридорҳои транзитӣ байни се кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.