Ноябр 20, 2019 20:21 Asia/Dushanbe
  • Ғайриқонунӣ будани ҳамлаи Исроил ба Сурия

Муовини вазири хориҷаи Русия зимни ғайриқонунӣ донистани таҷовузи ҷадиди саҳюнистҳо ба Сурия, эъзоми низомиёни амрикоӣ ба Арабистони Саудиро танишзо тавсиф кард.

Ба нақл аз Форс, Михаил Богданов, муовини вазири хориҷаи Русия бо судури баёнияе зимни маҳкум кардани ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Сурия, ин иқдомро "ҳаракате иштибоҳ" тавсиф кард, ки абъоди сулҳ дар ин кишварро ба хатар меандозад.

Богданов бо баёни ин, ки ҳамалоти мушакии Исроил ба хоки Сурия дар "тазоди ошкор бо қавонини байналмилалӣ" аст афзуд:

Баъд аз ҳамлаи Исроил ба Сурия, Русия бо тамоми шуракои худ дар тамос аст ва талош мекунад ҷузъиёти онро ба даст биёварад.

 

Барчасп