Ишғоли чоҳҳои нафти Сурия тавассути Амрико
(last modified Sat, 23 Nov 2019 08:59:08 GMT )
Ноябр 23, 2019 13:59 Asia/Dushanbe
  • Ишғоли чоҳҳои нафти Сурия тавассути Амрико

Намояндаи Сурия дар Созмони Милал гуфт, Амрико чоҳҳои нафти ин кишварро ишғол карда ва даромадҳои миллати Сурияро дар сояи сукути Шӯрои амният ба яғмо мебарад.

Башор Алҷаъфарӣ, намояндаи Сурия дар Созмони Милал дар суханоне гуфт, терроризми давлатӣ Сурияро бо ҳадафи тағйири нақшаи геосиёсии минтақа ҳадаф қарор дод.  Вай афзуд: «Ҷанг алайҳи Сурия замоне поён меёбад, ки ҳимоят аз терроризме, ки аз хориҷ пуштибонӣ мешавад, поён ёбад». Намояндаи Сурия дар Созмони Милал гуфт: «Туркия сарзаминҳои Сурияро ишғол карда ва теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Сурияро кушта ва даҳҳо ҳазор нафарро низ овора карда, то террористҳоеро, ки пайрави Эрдуғон ҳастанд, дар сарзаминҳои Сурия мустақар кунад».

Ҳудуди 90 дарсад аз захоири нафти Сурия дар минтақаи шарқи рӯди Фурот қарор дорад. Ин минтақа қаблан таҳти контроли ДИИШ буд ва дар ҳоли ҳозир таҳти контроли нерӯҳои таҳти ҳимояти Амрикост. Доналд Трамп чанде пеш алорағми эъломи хурӯҷи низомиёни Амрико аз Сурия гуфт, қасд дорад, шуморе аз низомиёнро дар манотиқи нафтхези шимолу шарқи Сурия ҳифз кунад.