Декабр 02, 2019 13:04 Asia/Dushanbe
  • Консулгарии Эрон дар Наҷаф боз ҳам ба оташ кашида шуд

Манобеи хабарии ироқӣ якшанбешаб аз оташсӯии дубора дар сохтмони Консулгарии Эрон дар шаҳри Наҷафи ашраф хабар доданд.

Ба нақл аз Алъолам, мудирияти Хадамоти шаҳрии вилояти Наҷафи Ироқ бо таъиди хабари оташсӯзии дубора дар Консулгарии Эрон дар Наҷаф эълом кард, гуруҳҳои оташнишонӣ оташро хомуш кардаанд. 

Чаҳоршанбешаб низ гуруҳе аз муҳоҷимони ниқобдор, ки ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ аз аҳолии шаҳри Наҷафи ашраф набудаанд ба Консулгарии Эрон дар ин шаҳр ҳамла карда ва бахшҳое аз онро ба оташ кашиданд.

Вазорати хориҷаи Ироқ бомдоди панҷшанбе ҳамла ба Консулгарии Эрон дар Наҷафро ки бар асоси шавоҳид бо пуштибонии бархе кишварҳо ва ҷараёнҳои хос ва фирқаӣ ҳамроҳ будааст ба шидат маҳкум кард.

Иғтишошгарон дар Ироқ, ки дар ҳафтаҳои ахир гузоришҳое мабнӣ бар эътои маблағҳои молии қобили таваҷҷуҳ ба онҳо аз сӯи сафоратхонаҳои бархе кишварҳои арабии ҳошияи ҷанубии Халиҷи Форс мунташир шудааст пеш аз ин ҳам ба консулгариҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳрҳои Басра ва Карбало ҳамла карда буданд.

Бархе аз вилоятҳои Ироқ аз ҷумла Наҷаф дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди баргузории тазоҳурот дар эътироз ба вазъи номуносиби хадамоти умумӣ, набуди фурсатҳои шуғлӣ ва фасоди идорӣ ҳастанд, аммо ин эътирозҳо дар рӯзҳои ахир ба самти хушунат рафта ва даҳҳо кушта ва захмӣ доштааст.

Гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ ахиран эълом кард, давлати Амрико ва режими саҳюнистӣ ба иллати норизоятӣ аз сиёсатҳои Бағдод, дар нооромиҳои ахири Ироқ даст доранд.

Раиси полиси вилояти Басраи Ироқ ҳам тасреҳ кард, режими саҳюнистӣ, Арабистони саудӣ ва Иморот барои бар ҳам задани оромиш ва субот дар Ироқ талош мекунанд.

Барчасп