Ҷазобияти қуръони кучаки маҷмуадори марокашӣ барои гардишгарон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i48820
Маҷмуадори марокашӣ нусхаи бисёр нодир ва кучаке аз қуръонро дар ихтиёр дорад, ки гардишгарон ва мусофиронеро ба шаҳри Сафии Марокаш воқеъ дар каронаи уқёнуси Атлас ҷазб кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 03, 2019 13:05 Asia/Dushanbe
  • Ҷазобияти қуръони кучаки маҷмуадори марокашӣ барои гардишгарон

Маҷмуадори марокашӣ нусхаи бисёр нодир ва кучаке аз қуръонро дар ихтиёр дорад, ки гардишгарон ва мусофиронеро ба шаҳри Сафии Марокаш воқеъ дар каронаи уқёнуси Атлас ҷазб кардааст.

Ба нақл аз ИКНО, Саид Алҷадёнӣ гуфт, бино бар ривоятҳои шафоҳӣ, яке аз аҳолии минтақаи Саиди Миср дар сафари худ ба қасди Ҳаҷ ин қуръонро ба як ҳоҷии марокашӣ ҳадия мекунад, зеро мусулмонон дар маконҳои муқаддас ҳадияҳое ба якдигар медиҳанд ва дуст доранд, ки боарзиштарин ҳадия бошад. Ин қуръон дар даҳсолаи бист қарни гузашта ба Марокаш расид. Пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум, ҳамроҳ бо насхи хатии бисёре ба Фаронса бурда шуд ва дар осорхонае  дар порчаи ҳаририи қирмизранге қарор дошт, аммо туле накашид, ки ба Марокаш бозгашт. Ин қуръон ҷилде ба ранги нофармон ва тиллокорӣ шуда дорад.

Коршиноси анвоъи хат низ дар ҳамин бора мегуяд, теъдоде аз нусхаҳои хаттии нафиси Марокаш аз ҷумла қуръонҳое, ки подшоҳони марокашӣ онҳоро навиштаанд акнун дар музеҳои Фаронса ва Спания нигаҳдорӣ мешавад ва Марокаш ҳамчунон барои бозпасгирии онҳо дар ҳоли музокира аст.

Вай изҳор кард, ин қуръон бо хатҳои мухталифи арабӣ навишта шудааст, ки ба он хати таркибӣ мегуянд. Баррасӣ ва тааммул дар шакли таҳзибҳо ва навъи коғаз ва мураккаб истифода шуда дар ин қуръон нишон медиҳад, ки эҳтимолан ин асар мутааллиқ ба садри ислом ё қарнҳои баъдӣ аст.