Таъкиди СММ бар ақибнишинии Исроил аз Ҷавлони ишғолӣ
Декабр 04, 2019 14:36 Asia/Dushanbe
Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо 91 раъйи мусбат, хостори ақибнишинии режими саҳюнистӣ аз баландиҳои ишғолии Ҷавлони Сурия шуд.
Ба нақл аз РИА Новости, Маҷмаи умумии Созмони Милал аз режими саҳюнистӣ хост, ки баландиҳои ишғолии Ҷавлонро тарк кунад.
91 кишвари узви Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ин тасмим раъйи мусбат доданд ва танҳо 9 нафар он бо мухолифат карданд.Ҳамчунин 65 узви СММ низ раъйи бетараф доданд.
Дар ин тасмим аз Исроил хоста шудааст, ки тамомии заминҳои ишғолии Сурия дар минтақаи Ҷавлонро тарк ва то марзҳои ишғолии 1967 ақибнишинӣ кунад.