Декабр 05, 2019 15:11 Asia/Dushanbe
  • Сафари озодонаи ду саҳюнист ба Арабистони Саудӣ

Ду саҳюнист тайи рӯзҳои ахир ба чанд кишвари арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ сафар карда ва бо як вебблогнависи саудӣ, ки ахиран ба Фаластини ишғолӣ сафар карда буд, дидор карданд.

Ҳамзамон бо талошҳои режими саҳюнистӣ ҷиҳати барқарории равобити пайдо ва пинҳон бо бархе кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс, ду саҳюнист тайи рӯзҳои ахир сафареро ба кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ анҷом доданд.

Ба гузориши “Форс”, ин ду саҳюнист ба номҳои Ови Гулдастоин ва Бени Викслер дар сафаре, ки ахиран ба Риёз доштанд, бо Муҳаммад Сауд, вебблогнавис ва корбари мутанаффизи арабистонӣ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер дидор ва дар манзили вай таваққуф карданд.

Дар филмҳо ва тасовире, ки аз ҳузури ин ду саҳюнист дар Арабистон мунташир шуда, саудиҳое, ки бо онҳо мулоқот мекунанд, бисёр хушҳол буда ва бо миқдори зиёде ғизо ва мева аз онҳо пазироӣ мекунанд.

Гулдастойн ва Викслер дар видеое, ки бо ҳузури Муҳаммад Сауд мунташир карданд, мегӯянд: “Ин рӯъёе аст, ки ба воқеият табдил шудааст. Чӣ касе бовар мекард, ки исроилиҳо озодона ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд, монанди шоҳзодаҳо дар он ҷо қадам бизананд ва дар хонаи як ҷавони шуҷои саудӣ мизбонӣ шаванд”.

Ба навиштаи ин вебгоҳ, ин ду саҳиунист дар бораи таҷрибаҳои сафари худ ба Арабистони Саудӣ ин гуна тавзеҳ медиҳанд: “Мо дар як токсии бисёр люкс Риёзро гаштем, чизе, ки маъмулан дар Исроил намебинед, як токсии шоҳзодавор дар як лаҳза, шунидем, ки як овоз ба забони ибрӣ аз радио пахш мешавад, дарк намекардем, ки чӣ гуна ин овоз аз радиои Риёз пахш мешавад”.

Албатта номи Муҳаммад Сауд чандон ҳам барои саҳюнистҳо ноошно нест. Вай касе аст, ки дар моҳи июл ба ҳамроҳи ҳайате аз чанд рӯзноманигори аҳли бархе кишварҳои арабӣ ба Фаластини ишғолӣ сафар карда ва бо мақомоти саҳюнист дидор карда буд. Сауд дар филмҳое, ки аз ҳузури ин ду саҳюнист дар хонаи худ мунташир карда, ба забони арабии равон бо онҳо сӯҳбат мекунад.