Декабр 10, 2019 19:22 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми як паҳподи ҷосусии эътилофи Саудӣ дар марзи Яман

Сомонаи падофанди ҳавоии артиши Яман имрӯз як паҳподи ҷосусии эътилофи Саудиро дар осмони минтақаи Алкасора, дар наздикии Наҷрон, дар ҷануби Арабистон ҳадаф қарор дод.

Ин панҷумин паҳподи эътилофи мутаҷовизи Саудӣ аст, ки тайи як ҳафтаи ахир дар наздикии марзи Яман бо Арабистон тавассути нерӯҳои яманӣ сарнагун мешавад.

Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш аз марти соли 2015 ва гузашти беш аз чаҳор соли куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва вайрон кардани зерсохтҳои Яман ба далели муқовимати мардум, артиш ва кумитаҳои мардумии Яман натавонистаанд ба аҳдофи худ дар Яман бирасанд.

Бо вуҷуди муҳосираи ҳамаҷониба қобилияти падофандии артиши Яман дар як соли ахир тавсеа ёфтааст.