Декабр 15, 2019 18:24 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Теҳрон ва Дамишқ барои сохти воҳидҳои маскунӣ дар Сурия

Муовини вазири маскан ва хадамоти умумии Сурия аз тавофуқ бо Эрон барои сохти 30 ҳазор воҳиди маскунӣ дар устонҳои мухталифи Сурия хабар дод.

Мозон Аллаҳом, муовини вазири маскан ва хадамоти умумии Сурия дар мусоҳиба бо рӯзномаи Алватан гуфт: Парвандаҳои 26 минтақа аз манотиқи тавсиаи сохтусоз, барои иҷрои тарҳҳо дар чорчӯби сохти манотиқи маскунӣ дар сатҳи Сурия ба поён расидааст.

Аллаҳом дар бораи сафари ахири ҳайати эронӣ ба Сурия гуфт: Дар ин сафар музокироте дар бораи ёддошти тафоҳуми имзошуда байни ду кишвар сурат гирифт, ки муҳимтарин нукот дар барномаи иҷроӣ, ки бар сари он тавофуқ шуд, ироаи феҳристҳое бо авлавияти иҷро ба тарафи сурӣ буд. Аз ҷумлаи ин тарҳҳо, сохти ҳазор воҳиди маскунӣ дар устонҳои мухталифи Сурия аст.

Муовини вазири маскан ва хадамоти умумии Сурия афзуд: Аз дигар мавзӯъҳои мавриди тавофуқ, ироаи тасҳилоти лозим барои таъсиси ширкатҳои муштараки эронӣ - сурӣ дар заминаи сохт, таъмир, роҳсозӣ, сохти пул, зерсохтҳои ҳамлу нақл, таҳқиқ ва мушовара ва хадамоти муҳандисӣ бар асоси қонунҳои ҷории ду кишвар аст.

 

Барчасп