Бозгашти 1167 овораи сурӣ ба кишварашон
Декабр 18, 2019 10:26 Asia/Dushanbe
Маркази оштии Русия дар Сурия аз бозгашти 1167 овораи сурӣ ба кишварашон аз хоки кишварҳои ҳамсоя хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Маркази оштии Русия дар Сурия сешанбешаб эълом кард, таи 24 соати гузашта 409 овораи сурӣ аз Лубнон ва 758 овора низ аз Урдун вориди хоки Сурия шуданд.
Бо муваффақияти артиши Сурия дар шикасти террористҳо ва барқарории амнияти нисбӣ дар ин кишвар, оворагони сурӣ дар ҳоли бозгашт ба манозилашон ҳастанд.
Бӯҳрони дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонаш барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд. Бар асари ин бӯҳрон миллионҳо сурӣ овора шуданд.