Парвандаи Исроил дар Девони байналмилалии кайфарӣ
(last modified Sun, 22 Dec 2019 13:36:59 GMT )
Декабр 22, 2019 18:36 Asia/Dushanbe
  • Парвандаи Исроил дар Девони байналмилалии кайфарӣ

Тасмими додситони Девони байналмилалии кайфарӣ барои оғози таҳқиқот дар бораи ҷиноятҳои Исроил, бо истиқболи фаластиниҳо ва мухолифати шадиди мақомоти Тел Авив мувоҷеҳ шуд.

Фату Бенсуда, додситони Девони байналмилалии кайфарӣ рӯзи ҷумъаи гузашта (20 декабр) эълом кард, ки ин девон таҳқиқот дар бораи ҷинояти ҷангии Исроил дар Каронаи бохтарӣ, борикаи Ғаза ва Қудси шарқиро оғоз мекунад. Пас аз эъломи ин тасмим, ду дидгоҳ дар муқобили ҳам қарор гирифтааст, дидгоҳи фаластиниҳо ва дидгоҳи режими саҳюнистӣ ва Амрико.

Дидгоҳи фаластиниҳо ин аст, ки тасмими Девони байналмилалии кайфарӣ, пирӯзии адолат буд. Бинобар ин аз ин тасмим истиқбол карданд. Соиб Ариқот, дабири кумитаи иҷроии Созмони озодбахши Фаластин гуфт, тасмими Фату Бенсуда, гоме мусбат ва ҷасурона ва паёме аст мабни бар инки таҳаққуқи адолат мумкин аст.

Дар муқобил, Амрико ва режими саҳюнистӣ онро рӯзи сиёҳе барои адолат номида ва муддаии ин ҳастанд, ки чунин тасмиме ғайриқонунӣ буд. Бенёмин Натаняҳу гуфт: “ин рӯзи сиёҳи ҳақиқат ва адолат аст ва ин тасмим ботил аст. Авихай Мандельблит (Avichai Mandelblit), додситони кулли режими саҳюнистӣ низ таъкид кард, ки Девони кайфарии байналмилалӣ ихтиёри баррасии ин парвандаро надорад.

Иддаои ғайриқонуни будани ин тасмим дар ҳоле аст, ки мутобиқи модаи 15-и девон, додситон метавонад, худ раъсан дастури таҳқиқот дар бораи парвандаеро содир кунад. Дар воқеъ, расидагӣ ба парвандае дар девон машрут ба узвияти як кишвар аст, аммо агар кишваре узви девон набошад, Шӯрои амнияти СММ ё додситони девон метавонанд парвандаи онро ҷиҳати таҳқиқот ба девон ирҷоъ диҳанд. Бинобар ин, ба лиҳози ҳуқуқӣ тасмими хонум Bensouda барои оғози таҳқиқот дар бораи ҷиноятҳои Исроил, иқдоме қонунӣ ва дар чорчӯби асосномаи Девони байналмилалии кайфарӣ аст.

Нуктаи дигар ин аст, ки тасмими додситони девон ба лиҳози моҳияти мавзӯъ низ иқдоме қонунӣ аст ва ҳатто метавон онро ба навъе дар қолаби доктринаи "масъулият барои ҳимоят" низ тафсир кард. Мутобиқи ин доктрина, нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар дар дохил як сарзамин метавонад, заминаи мудохилаи байналмилалиро фароҳам кунад. Ба лиҳози моҳияти мавзӯъ, ончи Исроил дар сарзаминҳои ишғолӣ ба хусус дар Каронаи бохтарӣ анҷом медиҳад, мисдоқи боризи ҷиноятҳои тасреҳ шуда дар асосномаи девон аз ҷумла, ҷинояти ҷангӣ аст.

Дар модаи 8 асоснома мавориде назири куштори амдӣ, боздошт ё шиканҷа , фароҳам кардани ранҷи азим ё садамаи шадид ба ҷисм ё саломатӣ, тахриб ё забти густурдаи амвол, ки заруратҳои низомӣ онро тавҷеҳ намекунад, маҳрум кардани амдии асирон аз ҳаққи муҳокимаи қонунӣ ва одилона, табъид ё интиқол ва ҳабси ғайриқонунӣ, ҳамла ё бомбаборони шаҳрҳо ва рустоҳо ва манотиқи маскунӣ, ки аҳдофи низомӣ, нестанд ва ҳамчунин таҳмили гуруснагӣ ба ғайринизомиён ба унвони масодиқи ҷинояти ҷангӣ матраҳ шудааст.

Ҳамаи ин масодиқро режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин ба хусус мардуми Ғаза муртакиб шудааст. Танҳо дар муҳосираи ҳамаҷонибаи борикаи Ғазза ҷони дастикам беш аз яку ним миллионнафар дар хатар қарор гирифта ва мардум бо гуруснагӣ, беморӣ ва фақри шадид мувоҷиҳ ҳастанд. Бинобар ин, тасмими хонум Фату Бенсуда, комилан қонунӣ ва бар асоси дархости соли 2015 Фаластин анҷом мешавад.