Иҷлоси ЭКУ дар Теҳрон ; Намоди субот , эътимоду фурсатҳои иқтисодии навин
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122622-Иҷлоси_ЭКУ_дар_Теҳрон_Намоди_субот_эътимоду_фурсатҳои_иқтисодии_навин
Порс Тудей - Чаҳорумин нишасти вазирони кишвари кишварҳои узви Созмони Ҳамкории иқтисодии « ЭКУ » , бо ҳузури муовинону вузарои кишварҳои узв дар Теҳрон баргузор шуд .
(last modified 2025-10-29T06:24:59+00:00 )
Октябр 28, 2025 14:23 Asia/Dushanbe
  • Иҷлоси ЭКУ дар Теҳрон ; Намоди субот , эътимоду фурсатҳои иқтисодии навин
    Иҷлоси ЭКУ дар Теҳрон ; Намоди субот , эътимоду фурсатҳои иқтисодии навин

Порс Тудей - Чаҳорумин нишасти вазирони кишвари кишварҳои узви Созмони Ҳамкории иқтисодии « ЭКУ » , бо ҳузури муовинону вузарои кишварҳои узв дар Теҳрон баргузор шуд .

Чаҳорумин нишаст вазирони кишвари кишварҳои узви Созмони Ҳамкории иқтисодӣ « ЭКУ » , пас аз вақфае 15 сола , рӯзҳои душанбе ва сешанбе ( 5 ва 6 обон ) дар Теҳрон бо ҳузур « Масъӯди Пизишкён » Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар салони иҷлоси сарон баргузор шуд .

Вазирону мақомоти аршади кишварҳои Покистон , Тоҷикистон , Туркманистон , Ҷумҳурии Озарбойҷон , Афғонистон , Қазоқистон , Қирғизистон , Туркия , Узбекистону Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамроҳи Дабири кули ЭКУ , вазири кишвари Аммон ва муовини вазири кишвари Ироқ дар иҷлоси Теҳрон ҳузур доранд .

Тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ , амниятӣ , мубориза бо тероризм , ҷароими созмон ёфта ва қочоқ аз ҷумлаи мавзӯъоти аслӣ аст ки дар нишастм муовинону вузарои кишвари кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодии « ЭКУ » ба он пардохта шуд . Ин нишаст на танҳо фурсатӣ барои тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ аст , балки гоми муҳим дар масири сиёсати хориҷии фаъолу ҳамгароёнаи Эрон ба шумор меравад .

Нишасти вузарои кишвари кишварҳои Созмон «ЭКУ » , нишондиҳанда эътимоди кишварҳои узв ба зарфияти дипломотику мудирияти  Эрон аст . Ҳузури вузаро ва муовинон аз даҳ кишвари узв , ҳамчунин нақшофаринии муассири Теҳрон дар муносиботи минтақаӣ ва тавонои он дар эҷоди иҷмоъ ва ҳамоҳангии миёни ҳамсоягонро ба намоиш мегузорад ва ҷойгоҳи Эронро ба унвони бозигари калидӣ дар сиёсати минтақаӣ тасбит мекунад .

Дастури кори нишаст шомили баррасии роҳкорҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ , зерсохтӣ ва амниятӣ аст . Ин рӯйкард , заминасози афзоиши таъомулоти тиҷорӣ , сармоягузории муштараку иҷрои пружаҳои минтақаӣ хоҳад буд . Эрон метавонад бо баҳрагирӣ аз зарфиятҳои худ , ба маркази ҳамоҳангии иқтисодии минтақа табдил шавад .

Созмони ЭКУ , илова бар аҳдофи иқтисодӣ , нақши муҳиммӣ дар ҳамгаройии сиёсӣ ва амниятӣ ифо мекунад . Нишасти Теҳрон метавонад бистарӣ барои барномарезии муштарак дар муқобила бо чолишҳоӣ назири тероризм , қочоқу ҷароим созмонёфта бошад . Ин ҳамкориҳо , ба тақвияти инсиҷоми минтақаӣ  ва коҳиши танишҳо кумак хоҳад кард .

Нишаст вузарои кишвари созмони ЭКУ дар Теҳрон , фаротар аз як рӯйдоди дипломотик , намодӣ аз субот , зарфияту иродаи Эрон барои ифои нақш дар тавсеа ва амнияти минтақаӣ аст . Ин Иҷлос , фурсатҳоӣ тоза барои ҳамкориҳои иқтисодӣ , сиёсӣ ва амниятӣ фароҳам меоварад ва ҷойгоҳи Теҳронро ба унвони меҳвари ҳамгаройии минтақаӣ тақвият мекунад .

Баргузории нишасти вузарои кишвари Созмони ЭКУ дар Теҳрон метавонад заминасози афзоиши тиҷорати минтақаӣ , ҷазби сармоягузории муштарак , тавсеаи зерсохтҳои марзӣ ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии миёни Эрон ва кишварҳои узв бошад . Тиҷорати марзӣ яке аз меҳварҳои аслии нишаст ; Бо ҳадафи тасҳили табодулоти коло ва хадамоти миёни кишварҳои ҳамсоя аст .

Эрон метавонад бо эҷоди зерсохтҳои гумрукӣ ва ҳамлу нақл , нақши фаъолӣ дар афзоиши ҳаҷми тиҷорати минтақаӣ ифо кунад . Коҳиши мавонеъи тарофаӣ  ва тасҳили муқаррароти содироту воридот , аз ҷумла натоиҷи ин ҳамкориҳост . Нишасти Теҳрон бастарӣ барои шиносоии фурсатҳои сармоягузории муштарак дар ҳавзаҳои энержӣ , ҳамлу нақл , кишоварзӣ ва фанноварӣ фароҳам мекунад . Кишварҳои узви Созмон ЭКУ метавонанд бо эҷоди сандӯқҳои муштарак ё пружаҳои минтақаӣ , бо коҳиши риски сармоягузорӣ , равнақи иқтисодиро афзоиш диҳанд .

Ҳамкорӣ дар заминаи тавсеаи роҳҳои иртиботӣ , хутути рейлӣ , ҷодаӣ ва банодир аз авлавиятҳои иқтисодии ЭКУ аст . Эрон бо мавқеъияти жиополитикии худ , метавонад ба ҳоб ( марказ ) тронзетии минтақа табдил шавад ва аз мазоёии транзети коло баҳраманд гардад .

Баҳрагирӣ аз фанновариҳои навин монанди ҳуши маснӯъӣ дар мудирияти марзҳо ва амнияти иқтисодӣ низ аз мавзӯъоти матраҳ дар нишасти вузарои кишвари кишварҳои Созмон ЭКУ бӯдааст . Ин ҳамкориҳо метавонад ба афзоиши баҳраварӣ ва коҳиши ҳазинаҳои амалиётӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ мунҷар шавад .

Имкони тарроҳии созукорҳо пардохт ва шаклгири арзи муштараки байни аъзои ЭКУ барои тасҳили тиҷорати бидӯни вобастагӣ ба арзҳои байналмилалӣ , аз ҷумлаи пайомадҳои баландмуддати ин Иҷлос аст . Ин иқдом метавонад ба коҳиши ҳазинаҳои мубодила ва афзоиши истиқлоли молии кишварҳои узв кумак кунад .

Иҷлоси муовинон ва вузарои кишвари кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодии ( ЭКУ ) дар Теҳронро метавон нуқтаи атфӣ дар масири ҳамгаройии минтақаӣ донист ки пайомадҳои муҳимме дар се ҳавзаи калидии иқтисодӣ , сиёсӣ ва амниятӣ барои Эрон ва кишварҳои узв ба ҳамроҳ дорад .