Декабр 24, 2019 11:38 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 4 зани намозгузор дар ҳамлаи саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо

Полиси режими саҳюнистӣ, ҳамзамон бо таарузи садҳо шаҳракнишини саҳюнист ба Масҷидулақсо намозгузорон ва нигаҳбонони ин масҷидро мавриди ҳамлаи ваҳшиёна қарор дод.

Ба нақл аз ИКНО, низомиёни режими саҳюнистӣ дар ҷараёни ҳамла ба Масҷидулақсо, 4 зани фаластиниро муқобили Бобурраҳма (яке аз дарҳои Масҷидулақсо) боздошт карданд. Ин 4 зан ба манзури бозҷӯӣ ба Маркази полиси режими саҳюнистӣ дар Қудс мунтақил шуданд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи душанбе камаш 240 шаҳракнишини яҳудӣ таҳти таъсири амниятӣ ба Масҷидулақсо таарруз карда ва ба шевае таҳрикомез дар маҳватаи ин масҷид иқдом ба барпоии маросими талмуди(аз китобҳои аслии яҳудияти раббонӣ)и худ карданд.