Дидори сухангӯи Ансоруллоҳи Яман бо вазири умури хориҷаи Эрон дар Москат
Сухангӯи Ансоруллоҳи Яман бо вазири умури хориҷаи Эрон дар Москат пойтахти Уммон дидор ва гуфтугӯ кард.
Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ва Муҳаммад Абдусалом сухангӯи Ансоруллоҳи Яман имрӯз (сешанбе) дар ин дидор дар хусуси охирин таҳаввулоти сиёсӣ ва майдонии Яман табодули назар карданд.
Зариф, ки рӯзи гузашта дар чорчуби ройзаниҳои мустамар байни Эрон ва Уммон озими Москат шуд бо Юсуф бин Алавӣ вазири умури хориҷаи Уммон гуфтугӯ кард.
Даври дуввуми музокироти вазирони умури хориҷаи Эрон ва Уммон имрӯз баргузор мешавад.
Шомгоҳи душанбе ҳам ҷамъе аз эрониён ва фаолони иқтисодии муқими Уммон бо вазири умури хориҷаи Эрон дидор ва гуфтугӯ карданд.
Юсуф бин Алавӣ вазири умури хориҷаи Уммон дуввуми декабр дар сафар ба Теҳрон бо мақомоти Эрон дидор ва ройзанӣ кард.