Декабр 24, 2019 17:33 Asia/Dushanbe
  • Зиндагии 85 дарсад аз мардуми Ғазза зери хатти фақр аст

Раиси Кумитаи мардумии муқобила бо муҳосираи Ғазза бо ишора ба эҳтимоли бурузи фоҷиаи инсонӣ дар ин минтақа гуфт, ҳамакнун 85 дарсад аз сокинони борикаи Ғазза зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд.

Режими саҳюнистӣ аз соли 2006 борикаи Ғаззаро муҳосира кардааст ва аз вуруди колоҳои асосӣ, аз ҷумла сӯхт, ғизо, дору ва масолеҳи сохтмонӣ ба ин минтақа ҷилавгирӣ мекунад.

Ба гузориши маркази иттилоърасонии “Фаластин”, Ҷамол Хизрӣ, раиси Кумитаи мардумии муқобила бо муҳосираи Ғазза бо баёни ин ки беш аз 250 ҳазор нафар дар борикаи Ғазза бекор ҳастанд, гуфт, вазъияти Ғазза бисёр сахт ва ногувор аст ва муҳосира бештарин таъсирро бар иқтисоди ин минтақа гузоштааст. Хизрӣ афзуд, мизони тавлиди корхонаҳо дар борикаи Ғазза ба далели муҳосира ва маҳдудиятҳои мавҷуд бар сари роҳи содироту воридот ба 20 дарсад коҳиш ёфтааст. Раиси Кумитаи мардумии муқобила бо муҳосираи Ғазза ҳамчунин бо ишора ба таваққуфи фаъолияти 80 дарсад аз марокизи иқтисодӣ дар ин минтақа тасреҳ кард, хисоратҳои мустақим ва ғайримустақим бар бахши иқтисоди Ғазза дар натиҷаи муҳосира ба ҳудуди 100 миллион доллар дар ҳар моҳ расидааст.

Хизрӣ мудохилаи фаврии ниҳодҳои байналмилалӣ, исломӣ ва арабӣ барои наҷоти Ғазза ва ҷилавгирӣ аз вуқӯи фоҷиаи инсониро дар ин минтақа хостор шуд.