Декабр 26, 2019 17:52 Asia/Dushanbe
  • СММ: Ҳамлаи саудиҳо ба Саъдаи Яман, нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ аст

Мақоми Созмони Милали Муттаҳид, ҳамлаи эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба бозоре дар устони Саъда дар ғарби Яманро, ки 38 кушта ва захмӣ барҷой гузошт, нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ эълом кард.

Ба гузориши ИРНА, Лиз Гранде, ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи СММ дар баёнияе гуфт, мо амиқтарин маротиби таслият ва ҳамдардии худро ба хонаводаҳои кушташудагон ва маҷрӯҳон эълом мекунем ва хоҳони муҳокимаи омилони ин ҳамла ва дигар ҳамалот ба Яман ҳастем.

Ҳамлаи мутаҷовизони Саудӣ ба бозоре дар шаҳристони Манбаҳи устони Саъда, сешанбешаб рӯй дод ва бар асари он дастикам 17 ғайри низомӣ, аз ҷумла 12 муҳоҷири эфиопиёӣ кушта ва 12 тан захмӣ шуданд.

Гранде гуфт, ин сеюмин ҳамлаи эътилофи Саудӣ ба бозор ал Рақу дар тӯли як моҳ аст, ба тавре, ки шумори қурбониёни он аз 22 ноябр то кунун ба 89 нафар расидааст.

Ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи СММ бори дигар хостори муҳокимаи омилони ин ҳамла ва дигар ҳамалот ба Яман шуд.

Наздики панҷ сол ҷангафрӯзии Арабистон ва Иморот дар Яман, ки бо ҳимояти Амрико сурат гирифта, то кунун ба кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазорнафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Барчасп