Январ 01, 2020 17:35 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум шудани раисҷумҳури фирории Яман ба эъдом

Додгоҳи ҷиноии Яман сешанбешаб эълом кард, Абдураббу Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳурӣ, Муин Абдулмалик Саид, нахуствазир ва Холид Ҳусайн Ал-Имонӣ, вазири умури хориҷаи давлати мустаъфӣ ва фирории ин кишвар ба эъдом маҳкум шуданд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Яман – “Сабо”, тибқи аҳкоми содира дар ҷаласаи додгоҳи кайфарии Яман, илова бар судури ҳукми эъдоми Абдураббу Мансур Ҳодӣ, Муин Абдулмалик Саид ва Холид Ҳусайн Ал-Имонӣ, тамоми амволи онҳо низ дар дохил ва хориҷи Яман мусодира мешавад.

Бар асоси ин ҳукм, Ал-Имонӣ ба хотири иртиботи ғайриқонунӣ бо режими саҳюнистӣ, ҳамдастӣ бо душманон, ҷаъли номи вазири умури хориҷаи Яман ва даст задан ба иқдомоте, ки ба истиқлол ва тамомияти арзии ин кишвар осеб мерасоанд, маҳкум ба эъдом шудааст.

Бар асоси ҳукми содиршуда аз ин додгоҳ, Мансур Ҳодӣ ва Абдулмалик Саид низ ба хотири саҳим будан дар ҷурмҳои мансуб ба Ал-Имонӣ, таҳрики вай барои ҷосусӣ ва ҳамкорӣ бо душманони Яман ва низ ҷаъли номи раисҷумҳурӣ ва нахуствазирӣ, ба эъдом маҳкум шудаанд.

Абдураббу Мансур Ҳодӣ дар 22 январи 2015, пас аз истеъфои кобинаи Яман аз симати худ канорагирӣ кард. Вай дар 21 феврали соли 2015 аз Санъо ба Адан, дар ҷануби Яман фирор кард ва ба ҳамроҳи кобинаи мустаъфии худ ҳудуди панҷ сол таҳти ҳимояти режими оли Сауд дар Арабистон ба сар бурд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар ба баҳонаи бозгардонидани Абдураббу Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфӣ ва фирории Яман аз марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва ҳамдастонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Барчасп