Январ 06, 2020 13:35 Asia/Dushanbe
  • Саид Ҳасани Насруллоҳ: арзиши пояфзоли сардор Сулаймонӣ аз Трамп бештар аст

Саид Ҳасани Насруллоҳ дабирикулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар маросими ёдбуди шаҳидони сардор Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Муҳандис, шаҳодати сардор Сулаймониро оғози марҳила ва таърихи нав барои тамоми минтақа донист ва гуфт, ҳадафи мо дар Муқовимат посух ба рехта шудани хуни сардор Сулаймонӣ аст.

Саид Ҳасани Насруллоҳ дар маросими хатми шаҳид ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи Сипоҳи қудси Эрон ва Абумаҳдӣ Муҳандис муовини Ҳашад Аш-шаъбии Ироқ дар Байрут таъкид кард, маросими имрӯз барои як фармондеҳи ҷаҳонӣ ва ҷиҳодии бузург яъне ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ ва ҳоҷ Абумаҳдӣ Муҳандис ёрон ва размандагони ҳамроҳи онҳо баргузор мешавад.

Вай таърихи шаҳодати сардори Сулаймониро таърихе сарнавиштсоз ва таърихи нав барои минтақа донист ва афзуд, чанд соат баъд аз террори ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ ва ёронаш Вазорати ҷанги Амрико баёния дод ва масъулияти ин амалиётро бар уҳда гирифт ва эълом кард, ки ин иттифоқро бо дастури мустақими Трамп анҷом додааст.

Дабирикулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар идома ба фишорҳои ҳамаҷонибаи Амрико алайҳи Эрон барои таслим ё ба заъми худашон тағйири рафтори Эрон ишора кард ва гуфт, амрикоиҳо дар ибтидо дунболи сарнагунии низоми исломии Эрон буданд дараҷаи дуввум бо ироаи тарҳи БАРҶОМ ба дунболи тағйири рафтор ва таслим кардан ва контроли Эрон буданд, то фишори навро ба Эрон таҳмил кунанд, ки ҳамроҳ бо як БАРҶОМ-и мушакӣ ва як БАРҶОМ-и минтақаӣ буд, аммо Эрон таслими ин мавзӯот нашуд. Онҳо бозии фитнаи дохилӣ, муҳосираи иқтисодӣ ва тамомии бозиҳои сиёсии худро ба кор гирифтанд то фаолиятҳои зидди эронии худро дунбол кунанд, аммо наметавонанд дар интихоботи оянда аз ин аҳрумҳо истифода кунад.

Саид Ҳасани Насруллоҳ бо ишора ба тавтеаҳои Амрико дар Яман, Афғонистон, Фаластин ва Ироқ гуфт, ин танҳо як террор набуд, балки оғозе аз як марҳилаи амрикоӣ дар минтақааст онҳо ҷанги наверо дар минтақа оғоз кардаанд. Онҳо мехоҳанд муодилоти минтақаро ба ҳам бизананд ва меҳвари Муқовиматро тазъиф кунанд. Онҳо мехоҳанд эътимоди аз даст рафтаи муттаҳидони худро бозёбӣ кунанд ва шароити худро дар интихоботи оянда беҳтар кунанд.

Насруллоҳ ба тарҳи султаи Амрико бар минтақа ва муқаддасоти исломӣ ва арабӣ бар асоси тарҳи Муомилаи қарн ишора карда ва гуфт, онҳо ҳатто ба нафти Сурия ва нафти Лубнон, ки ҳануз ковуш нашуда тамаъ доранд. Ин тарҳ дар баробари тарҳи Муқовимати истиқлол ва ҳокимияти минтақааст. Мо мехоҳем, ки муқаддасот ва сарвати мо барои худи мо бошад.

Вай таъкид кард, ки шаҳодати ҳоҷ Қосим набояд таъсири манфӣ бар руҳияи Муқовимат бигузорад, чаро ки минтақа ба самти марҳилаи нав пеш меравад.Нуктаи охир қасоси одилонаи ин ҷиноят аст. Авомили ин ҷиноят мушаххас ҳастанд. Касоне, ки ин ҷиноятро анҷом додаанд бояд товон бидиҳанд. Агар амрикоиҳо шахсият ё марказе ғайри муртабит бо меҳвари Муқовиматро дар Эрон террор карданд, ин як таҷовуз ба Эрон қаламдод мешавад ва марбут ба Эрон буд, аммо Қосими Сулаймонӣ фақат як эронӣ набуд, балки  Қосими Сулаймонӣ тамоми меҳвар Муқовимат буд. Қосими Сулаймонӣ яъне муқовимати Фаластин, Лубнон, Сурия, Ироқ, Яман ва ҳар кишваре, ки дар он размандагони шарифе вуҷуд доранд. Қосими Сулаймонӣ як уммат буд. Вай таъкид кард, ки қасоси одилона ба ин маъне нест, ки шахсияте, ки ҳадаф аст ҳамвазни Қосими Сулаймонӣ бошад, балки пояфзоли сардор Сулаймонӣ арзишаш аз Трамп бештар аст. Ҳеҷ шахсе ҳамвазни Қосими Сулаймонӣ нест, ки битавон онро қасос кард. Қасоси одилона ҳазфи мавҷудияти низомии Амрико дар минтақааст. Ҳадафи мо Муқовимат бояд ин бошад. Посух ба хуни сардор Сулаймонӣ ва ҳоҷ Абумаҳдӣ бояд хориҷ кардани Амрико аз тамоми минтақа бошад ва агар ин ҳадаф амалисозӣ шуд, ки ИншоАллоҳ амалисозӣ хоҳад шуд дар он сурат озодсозии Қудси шариф ва озодсозии Фаластин ва уммати Фаластин ва муқаддасоти мо дар Фаластин рақам хоҳад хурд.

Вай таъкид кард, Трампи аҳмақ ва касоне, ки дар атрофи ӯ қарор доранд намедонанд, ки чи коре анҷом додаанд, аммо оянда нишон хоҳад дод. Ман хатоб ба онҳо аз адабиёти ҳазрати Зайнаб истифода мекунам ва мегуям: шумо намедонед чи хуне аз мо рехтаед ва чи ҷигаре аз мо сӯзондаед? ин хуни оддӣ нест. Имрӯз қасоси одилонаи Қосими Сулаймонӣ қасоси одилонаи Имоди Муғния, Аббоси Мусавӣ, Роғиби Ҳарб Мустафо Бадриддин ва ҳамаи шаҳидони ин уммат аст.

Ман ба ҳоҷ Қосим ғибта мехурам ва нисбат ба ин оқибат барои ӯ хушҳолам, ӯ аз ҷавонӣ барои ин ҳадаф талош мекард, Худо бар мо миннат ниҳод ва ӯ 60 сол зинда буд, мо нороҳат нестем ва натарсидем. Балик хуни поки ӯ фурсате барои уммати исломӣ аст, ки аз ин ишғолгарӣ раҳо шавад, ҳатто агар ин талошҳо сахт бошад, аммо пирӯзиҳо наздик хоҳад буд. Эй мухлисони Муқовимат ва эй шарифтарин мардум мо роҳро идома хоҳем дод ва дар ниҳоят пирӯз хоҳем шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бомдоди ҷумъа сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис ҷонишини  фармондеҳи нерӯҳои Ҳашад Аш-Шаъбӣ ва бархе аз дигар аъзои ин созмон дар ҳамлаи паҳподии артиши Амрико, ки ба дастури шахси Трамп анҷом шуд, дар наздикии фурудгоҳи байналмиллалии Бағдод ба шаҳодат расиданд.