20 триллион доллар, товони ишғолгарӣ, ҷиноёт ва куштори Амрико дар Ироқ
(last modified Mon, 13 Jan 2020 14:06:26 GMT )
Январ 13, 2020 19:06 Asia/Dushanbe
  • 20 триллион доллар, товони ишғолгарӣ, ҷиноёт ва куштори Амрико дар Ироқ

Узви парлумони Ироқ дар посух ба товонхоҳиҳои раисиҷумҳури Амрико аз Ироқ гуфт, Ироқ бояд аз Вашингтон хисорати 20 триллион доллар ба хотири ишғолгарӣ ва ҷинояти куштори ҷамъии Амрико дар Ироқ дарёфт кунад.

Салом Ал Шимрӣ, узви эътилофи Соирун ба раҳбарии Муқтадо Садр дар парлумони Ироқ рӯзи душанбе аз Амрико хост 20 триллион доллар товони нобудии Ироқро ба Бағдод бидиҳад.

Ба гузориши Форс, Ал Шимрӣ дар баёнияе бо таъкид бар инки Амрико масъули ҳамаи вайрониҳое аст, ки дар Ироқ эҷод шудааст гуфт: «Амрикао бояд хисоратеро, ки ба Ироқ ворид карда ва бар асоси баровардҳои байналмилалӣ беш аз 20 триллион доллар аст, пардохт кунад».

Вай афзуд: «Раисиҷумҳур Амрико пушти сари ҳам мегӯяд, Ироқ бояд товон бидиҳад, аммо дар бораи ин қазия худро ба фаромӯшӣ зада, ки тахриб ва вайронии сангине, ки бар сари Ироқ омад, давлатҳои паё-пайи Амрико муқасири он буданд».

Узви парлумони Ироқ таъкид кард: «Ишғолгарии Амрико дар Ироқ ва рафторҳои террористии он дар ин кишвар ба сарҳади як куштори ҷамъӣ, расидааст ва бояд алайҳи он ба маҳокими байналмилалӣ шикоят кард ва ҳамчунин алайҳи касоне, ки иқдомоти террористии онҳо алайҳи миллати Ироқ собит шавад».

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо «ФаксНюз» ҳушдор дод, дар сурате, ки Ироқ низомиёни амрикоиро водор ба хурӯҷ аз ин кишвар кунад, бояд ҳазинаи сармоягузориҳое, ки Иёлоти муттаҳида дар ин кишвари ғарби Осиё кардааст, бипардозад ё инки ба Вашингтон иҷоза диҳад, ҳамчунон дар Ироқ бимонад.