Январ 25, 2020 19:47 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии мақоми Созмони Миллал аз ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Сурия

Намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар умури Сурия, аз ҳузури ғайриқонунии низомиёни амрикоӣ дар он кишвар ибрози нигаронӣ кард.

Ба нақл аз ИРНО, Гейр Педерсен-намояндаи  вижаи дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар умури Сурия рӯзи шанбе дар дидори Сергей Шайго вазири дифои Русия дар Маскав гуфт, ки вай аз мавзеи Русия дар мавриди нерӯҳои хориҷии даъватнашуда дар Сурия аз ҷумла низомиёни амрикоӣ ҳимоят мекунад ва ин ҳузурро нигаронкунанда медонад.

Педерсон афзуд, ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Сурия мушкили ҷиддӣ аст.

Вазири дифои Русия низ дар ин дидор аз иқдоми амрикоиҳо барои сирқати манобеи нафти Сурия ба шиддат интиқод кард.

Низомиёни амрикоӣ ва бархе нерӯҳои ҳампаймони он аз Созмони НАТО ва низ артиши Тукрия, нерӯҳои хориҷӣ ҳастанд, ки ба сурати ғайриқонунӣ ва бидуни даъват ва иҷозаи Димишқ вориди Сурия шудаанд ва аз назари қавонини байналмиллалӣ мутаҷовиз ба ҳисоб меоянд.

Намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар умури Сурия рӯзи ҷумъа 24 январ низ бо Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия дидор ва дар хусуси масоили Сурия гуфтугӯ кард.

Мақомоти Русия ҳамвора ба ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Сурия эътироз кардаанд ва ҳадаф аз идомаи ишғолгарии ононро ғорати манобеи нафти ин кишвар медонанд.

Барчасп