Январ 27, 2020 19:16 Asia/Dushanbe
  • Дастовардҳои бузурги артиш ва марҳалаи майдонии ҷадид дар Сурия

Як шабакаи лубнонӣ дар гузорише ба дастовардҳои ахири артиши Сурия ва муттаҳидонаш пардохт ва онро марҳалаи майдонии ҷадид тавсиф кард, ки дар ҳашт соли ахир бесобиқа будааст.

Ба гузориши Форс, артиши Сурия дар рӯзҳои гузашта ду русторо ҷануби Идлиб озод кард то аз ин тариқ аз масири байналмилалӣ миёни Ҳалаб ва Димишқ убур ва масири Маъра Нӯъмон аз самти шимолро қатъ кунад. Артиш ҳамчунин муваффақ шуд рустои Ал Доно дар ғарби масири байналмилалӣ миёни Маъра Нӯъмон ва Сароқиро озод кунад ва ба пешравии худ ба самти Маъра Нӯъмон идома диҳад ба аловаи инки манотиқи Тала Маҳруқот ва Раҳба Хонтумонро пас гирифт.

Шабакаи Ал Маёдин, гузорише дар бораи охирин дастовардҳои артиши Сурия эълом кард, артиши Сурия дар атрофи Идлиб ва Ҳалаб дар ҳоли пешравӣ ҳастанд ва бино ба гуфтаи коршиносони низомӣ, «майдони Сурия» вориди марҳалае ҷадид шуда, ки тайи ҳашт соли ахир дар навъи худ аввалин аст.

Ин шабака афзуд, пешбинӣ мешавад ин мароҳил чанд рӯз тӯл бикашад на бештар. Ин мавзӯ манут ба муҳосиботи афроди мусаллаҳ бивежа Туркия аст, ки шурӯъ ба интиқоли низомиёни туркамон наздик ба ҳизби ҳоким ба Либия кардааст то авлавияти Сурия таъмини амнияти шаҳри Ҳалаб ва наҷоти он аз боҷхоҳии сиёсӣ ва майдонии Туркия бошад. Артиши Сурия шомгоҳи якшанбе ба пешравии майдонии ҷадиде дар ҷануби минтақаи коҳиши таниши Идлиб даст ёфт ва тавонист масири ҷодаи байналмилалӣ (m4) (ҷодаи Ҳалаб ба Димишқ)-ро дар ҳадди фосили Маъра Нӯъмон то Сароқиб масдуд кунад.