Январ 27, 2020 19:41 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми саудиҳо барои тарҷумаи ибрии Қуръон бар асоси ривояти саҳюнистҳо

Саудиҳо Қуръонро бар асоси ривояти саҳюнистҳо ба ибрӣ тарҷума карданд.

Ба гузориши Форс, саудиҳо ба тозагӣ нусхае ибрӣ аз Қуръони карим мунташир кардаанд, ки дар он бархе оёт мутобиқ бо ривояти саҳюнистҳо тарҷума шудааст.

Нусхаи ёдшударо доктор Асъад Намр Басул ба забони ибрӣ тарҷума кардааст, аммо Алоуддин Аҳмад, пажӯҳишгари масоили саҳюнистӣ беш аз 300 иштибоҳ дар нусхаи ибрӣ пайдо кардааст.

Алоуддин Аҳмад, ба як хатои фоҷиабор дар ин нусха ишора карда, ки дар он калимаи масҷид (Масҷид-ул Ақсо) дар ояи 7 сураи Исро ба «ҳайкал» тарҷума шудааст ва сипас вожаи «масҷид» дар қавс қарор гирифтааст. Аҳмад бо ишора ба як ривояти саҳюнистие, ки иддао мекунад «ҳайкал» (пайкар)-и ҳазрати Сулаймон (а) дар зери Масҷид –уло Ақсо дафн шудааст мегӯяд, ки ояи ёдшуда бар асоси ривояти мазкур тарҷума шудааст, саҳюнистҳо бар асоси ҳамин ривоят Масҷид-ул Ақсоро мутааллиқ ба худ медонанд.

Дар муқаддимаи нусхаи ибрии Қуръони карим навишта шудааст, ки ин нусха тавассути доктор Тисир Ҳасан Муҳаммад Ал Изом, вироиш ва тасҳеҳ шудааст ва дар идома низ Абдуллатиф ибни Абдулазиз Ол Ал Шайх, вазири шууни исломӣ, даъват ва иршод ва ҳамчунин нозири маҷмаъ, ин нусхаро ба нишонаи таъйид имзо кардааст.

Алоуддин Аҳмад тавзеҳ медиҳад, ки мутарҷим дар поёни нусхаи ёдшуда дар ҷадвал асомии паёмбарон, ва номи Паёмбари Ислом (с)-ро зикр накардааст.

Аҳмад дар идома бо ишора ба яке дигар аз иштибоҳоти тарҷума, ки ба назар мерасад муғризона бошад афзуд, ки дар яке аз оёт, номи ҳазрати Исмоил (а) зикр нашудааст. Ў дар идома ба яке аз ривояти саҳюнистҳо ишора кард, ки бар асоси он ҳазрати Иброҳим(а) танҳо як писар дошта ва он ҳам Исҳоқ ном доштааст.