Январ 28, 2020 14:58 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи муомилаи қарн; сароғози мавҷе аз таниш ва хушунат дар минтақа

Дабирхонаи доимии Конфронси байналмиллалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин эълом кард, Тарҳи муомилаи қарнро сароғози мавҷе аз таниш ва хушунат дар минтақа хоҳад буд, маҳкум кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Дабирхонаи доимии Конфронси байналмиллалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин бо судури баёнияе эълом кард, миллионҳо фаластинии бедифоъ ба вижа занон ва кӯдакон то кунун тавассути саҳюнистҳо кушта, маҷруҳ ва аз хона ва кошонаи худ овора шудаанд ва даҳҳо ҳазор фаластинӣ ҳатто кӯдакон дар зиндонҳои тарсноки режими саҳюнистӣ зиндонӣ ҳастанд.

Дар идомаи ин баёния омадааст, бархе кишварҳои истеъморгари ғарбӣ ҳазинаи ҷинояти худ зидди қавми яҳудро аз ҷайб ва ҳаққи сарзаминии кишварҳои исломӣ ва арабӣ пардохт карданд ва ҳамчунон дар канори Амрико, ҳамаҷониба аз ҷиноятҳои саҳюнистҳо дар тавсеаи ишғолгарӣ ва куштори инсонҳои бегуноҳ ҳимоят мекунанд.

Дабирхонаи доимии Конфронси байналмиллалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин зимни маҳкум кардани эъломи рӯнамоӣ аз тарҳи амрикоии мавсум ба Муомилаи қарн, тарҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар баргузории ҳамапурсӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ бо мушорикати сокинони аслии он, ки назди Созмони Миллали Муттаҳид ба сабт расидаастро танҳо роҳи ҳалли машруъ ва байналмиллалӣ барои бурунрафт аз буҳрони мавҷуд ва поёни ишғоли як сарзамини исломӣ-масеҳӣ ва яҳудӣ донист.

Тарҳи муомилаи қарн, ки тавассути давлати Амрико ироа шуда шомили изофа кардани комили Қудс ва шаҳракҳои мавҷуд дар Соҳили ғарбии дарёи Ӯрдун ба режими саҳюнистӣ ва нодида гирифтани ҳаққи бозгашти оворагони фаластинӣ аст.

Муомилаи қарн тарҳи наве аз сӯи давлати Амрико аст, ки дар пайи аз байн бурдани ҳуқуқи мардуми Фаластин аст; ин тарҳ бо ҳамкорӣ ва мувофиқати бархе кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистон, Баҳрайн ва Иморот* таҳия шудааст.

Бар асоси тарҳи амрикоии Муомилаи қарн, Қудси шариф ба режими саҳюнистӣ вогузор мешавад; оворагони фаластинӣ дар дигар кишварҳо, ҳаққи бозгашт нахоҳанд дошт ва Фаластин танҳо моликияти заминҳои боқимондаи Соҳили ғарбии дарёи Ӯрдун ва борикаи Ғаззаро хоҳад дошт.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико қарор аст имрӯз (сешанбе) пас аз дидор бо Бенямин Натанияҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ ва Бенӣ Гантз раиси Эътилофи обӣ ва сафеди ин режим, аз тарҳи мавсум ба Муомилаи қарн рӯнамоӣ кунад.