Январ 28, 2020 18:52 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши тунди раиси Ташкилоти худгардони Фаластин ба тарҳи “муомилаи қарн”

Як шабакаи саҳюнистӣ гузориш кард, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар ҷаласае пушти дарҳои баста аз тарҳи “муомилаи қарн” ба шиддат ибрози норизоиятӣ карда ва аз ин ки Доналд Трамп ӯро таҳдид карда, ба шиддат асабонӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Шабакаи дуи телевизиони режими саҳюнистӣ дар гузориши рӯзи душанбеи худ иддао кард, ки Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин пас аз рӯнамоӣ аз “муомилаи қарн” ба фаластиниён иҷозаи ташдиди таниш бо режими саҳюнистиро хоҳад дод. Дар ин гузориш омада, ки раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар нишасти пинҳонии Ҷунбиши фатҳ гуфтааст, касе нахоҳад тавонист монеи даргириҳо дар Каронаи Бохтарӣ шавад ва ҳатман танише миёни артиши режими саҳюнистӣ ва фаластиниён дар хоҳад гирифт. Маҳмуд Аббос ҳамчунин зимни дашном додан ба Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо хунсардӣ гуфта, ки таҳдидҳои мустамари ӯро нахоҳад пазируфт ва ба Амрико "на" хоҳад гуфт. Раиси Ташкилоти худгардони Фаластин ҳушдор додааст, ки бо ватанфурӯшон ба гӯр нахоҳад рафт.

Дар ҳамин иртибот бархе таҳлилгарон бар ин боваранд, ки ин изҳороти Маҳмуд Аббос ҳокӣ аз оғози интифозаи ҷадиде алайҳи режими саҳюнистӣ аст.

Қарор аст, Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин имрӯз, сешанбе, барои баррасии паёмадҳои эъломи «муомилаи қарн» бо баргузории нишаст тамоми сарони ҷунбишҳои фаластиниро дар мақарри ташкилот дар Ромуллоҳ гирд оварад. Маҳмуд Аббос ҳамчунин аз суфарои кишварҳои арабӣ ва тамоми мусалмононе, ки ба ҳузур дар маросими эъломи “муомилаи қарн” даъват шудаанд, хостааст, ки дар он ширкат накунанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дирӯз, душанбе, эълом кард, ки Кохи Сафед соати 12, ба вақти Вашингтон (сешанбешаб) аз “муомилаи қарн” рӯнамоӣ хоҳад кард.

 

Барчасп