Январ 28, 2020 19:38 Asia/Dushanbe
  • “Ассошэйтед пресс”: Ҳамалоти ДИИШ баъд аз террори генерал Сулаймонӣ афзоиш ёфтааст

Хабаргузории “Ассошэйтед пресс” гузориш дод, дар пайи террори генерал Сулаймонӣ ҳастаҳои хуфтаи ДИИШ фаъолтар шудаанд ва дар чанд ҳафтаи гузашта ҳамалоти онҳо дар саросари Ироқу Сурия афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши  хабаргузории “Форс”, пойгоҳи хабарии “Ассошэйтед пресс” ба нақл аз сокинону фаъолони сиёсии маҳаллӣ дар Ироқ ва Сурия навишт, ҳастаҳои хуфтаи гурӯҳи ДИИШ ҳамалоти худро дар манотиқи мухталифи Сурия ва Ироқ афзоиш додаанд ва даҳҳо нафарро кушта ва ё маҷрӯҳ кардаанд. Бар асоси ин гузориш, сокинони маҳаллӣ ва фаъолони сиёсӣ дар Ироқ ва Сурия мегӯянд, ки ин ҳамалот баъд аз террори сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ шиддат ёфтааст ва шибҳинизомиёни ДИИШ фазои танаффусӣ ба даст овардаанд. Ин хабаргузории амрикоӣ меафзояд, ҳамчунин афзоиши танишҳо байни Эрон ва Амрико фурсати бозгаштро барои ин гурӯҳи ифротӣ фароҳам кардааст ва бақияи он дар ҳоли шаклдиҳии гурӯҳҳои чирикӣ дар як соли гузашта ҳастанд. “Ассошэйтед пресс” изофа кард: “Аз сӯйи дигар нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ ва Сурия амалиётҳои худ алайҳ ДИИШ-ро ба муддати чанд ҳафта ба ҳолати таълиқ дароварда, Эрон ва гурӯҳҳои мавриди ҳимояти ин кишвар низ ба ҷойи тамаркуз бар ҷанг бо ДИИШ таваҷҷуҳи худро бар ихроҷи низомиёни амрикоӣ аз ғарби Осиё мутамаркиз кардаанд.

Ин гузориши “Ассошэйтед пресс” дар ҳолест, ки Ҷеймз Ҷефри, фиристодаи Вазорати хориҷаи Амрико дар эътилофи байналмилалӣ алайҳи ДИИШ муддаӣ аст, ки “шоҳиди афзоиши ҳамалоти ДИИШ баъд аз террори Қосими Сулаймонӣ набудаем”. Аммо Рами Абураҳмон аз гурӯҳи нозири ҳуқуқи башар дар Сурия низ мегӯяд: «Аз рӯзе, ки таниши байни Амрико ва Эрон шурӯъ шуда, ДИИШ ҳамалоташро афзоиш додааст».

 

Барчасп