Истиқболи Эрон аз интихоби Алавӣ ба симмати нахуствазири Ироқ
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо эъломи ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз дархости машрӯи давлат ва миллати Ироқ барои хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз хоки ин кишвар гуфт, Теҳрон аз интихоби Муҳаммадтавфиқ Алавӣ ба унвони нахуствазири Ироқ истиқбол мекунад.
Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба интихоби нахуствазири ҷадиди Ироқ изҳор дошт:
Ҷумҳурии исломии Эрон дар ростои идомаи ҳимоятҳои худ аз истиқлол, ҳокимияти миллӣ, тамомияти арзӣ ва таҳкими мабонии демократӣ дар Ироқ низ дархости машрӯи давлат ва миллати Ироқ барои хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз хоки он кишвар, аз интихоби Муҳаммадтавфиқ Алавӣ ба унвони нахуствазири ҷадиди ин кишвар истиқбол мекунад.
Мӯсавӣ дар идома зимни орзӯи муваффақият барои Алавӣ ибрози умедворӣ кард, ки вай битавонад бо ташкили давлати ҷадид, хостаҳои барҳаққи мардум ва марҷаияти олии динии ин кишварро барои эҷоди як Ироқи босубот ва дорои ҷойгоҳи муҳими минтақавӣ таҳаққуқ бахшад.