Феврал 03, 2020 20:22 Asia/Dushanbe
  • Ансоруллоҳ: Идомаи ҳимоят аз ҷиҳод, то ихроҷи ишғолгарони амрикоӣ

Дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар баёнияе эълом кард, масъалаи Фаластин аз аввлавитҳои Яман аст ва кишварҳои исломӣ бояд ба муқобила бо «муомилаи қарн» идома диҳанд.

Ба гузориши Форс, дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ва эътилофи аҳзоби мухолиф бо ҷанги эътилофи саудӣ, алайҳи ин кишвар имрӯз (душанбе) бо судури баёнияе бар радди тарҳи мавсум ба «муомилаи қарн» таъкид карданд.

Дар дидори машваратӣ, ки миёни ин ду дар Санъо баргузор шуд, охирин таҳаввулот дар саҳнаи маҳаллӣ ва байналмилалӣ, баррасӣ шуд.

Дар ин баёния аз тамоми миллатҳои исломӣ ва арабӣ хоста шуд, таҳаррукоти масъулона ва муассир барои шикасти “муомилаи қарн” ва ихроҷи «ишғолгари амрикоӣ» аз тариқи ҳимоят аз ҷиҳодро идома диҳанд.

Ансоруллоҳ ва аҳзоби мухолифи ҷангафрӯзӣ таъкид карданд, масъалаи Фаластин масъалаи аслӣ ва меҳвари уммат ва дар раъси авлавиятҳои миллати Яман боқӣ хоҳад монд.

Дар идомаи ин баёния ба пирӯзиҳои бузурги ахири артиши Яман ишора ва бар идомаи ҳимояти миллати Яман аз ҷабҳаҳо таъкид шуд.