Феврал 04, 2020 14:53 Asia/Dushanbe
  • Таҳаррукоти террористҳо барои анҷоми ҳамлаи химиёии нав дар Сурия

Вазорати дифои Русия аз таҳаррукоти гуруҳҳои террористӣ дар Сурия барои анҷоми ҳамлаи химиёӣ хабар додааст.

Ба нақл аз Форс, артиши Русия эълом кард иттилооте дар даст дорад, ки нишон медиҳад гуруҳи Кулоҳсафедҳо бо ҳимояти гуруҳҳои террористӣ дар ҳоли нақшарезӣ барои як иқдоми таҳрекомези нав дар Сурия бо авомили расмӣ аст.

Тибқи эъломи Вазорати дифои Русия, гуруҳе муташаккил аз 15 узви Кулоҳсафедҳо якуми феврал барои тартиб додани рӯйдоде монанди ҳамлаи химиёӣ вориди Идлиб шуданд.

Ин вазоратхона эълом кард, Кулоҳсафедҳо наздик ба 400 летр омили химиёиро ба сайте дар Идлиб, ки қасд доранд дар онҷо филме таҳия кунанд таҳвил доданд.

Чанд моҳ пеш Ҳайсам абу  Саид камиссари Кумитаи байналмиллалии ҳуқуқи башар дар ғарби Осиё эътироф карда буд, ки эълом кард, ки артиши Сурия дар Ғутаи Шарқӣ ва Хон Асал аз силоҳи химиёӣ истифода накарда буд ва филмҳои мунташиршуда сохти Кулоҳсафедҳо буд.

Абу Ҳайсам бо таъкид бар ин ки Кулоҳсафедҳо нақши манфӣ дар Сурия доштанд, ҳақиқатҳо, ахбор ва филмҳоро ҷаъл мекарданд, тасреҳ кард, ин масъаларо кашф кардем ва онро ба ниҳодҳои байналмиллалӣ фиристодем вале фавран ба мо фишор оварданд, то ини корро мутаваққиф кунем, вале ин иттифоқ рух надод.

Кулоҳсафедҳо як гуруҳи террористӣ аст, ки аз соли 2013 дар Сурия нақши зиёде дар ҳимоят аз террористҳо дорад. Ин гуруҳ, ки тавассути Англия ва Амрико ҳимояти молӣ мешавад муддаии кумак ба ашхоси ғайринизомӣ дар Сурия аст.