Оташ задани мошини низомии саҳюнистҳо дар Ромуллоҳ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i50614
Як мошини низомии режими саҳюнистӣ ҳангоми юриш ба Ромуллоҳ дар Каронаи Бохтарӣ бо “Коктейли Молотов” оташ зада шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 05, 2020 20:39 Asia/Dushanbe
  • Оташ задани мошини низомии саҳюнистҳо дар Ромуллоҳ

Як мошини низомии режими саҳюнистӣ ҳангоми юриш ба Ромуллоҳ дар Каронаи Бохтарӣ бо “Коктейли Молотов” оташ зада шуд.

Ба гузориши “Форс”, низомиён ва мошинҳои гашти режими саҳюнистӣ имрӯз (чаҳоршанбе) ба манотиқи мухталифи Каронаи бохтарӣ юриш бурданд.

Ҷавонони фаластинӣ дар идома ба самти дигари мошинҳои низомии саҳюнистӣ ба шиддат санг ва “Коктейли Молотов” партоб карданд.

Имрӯз понздаҳ фаластинӣ, аз ҷумла шаҳрдори Байти Коҳирро боздошт карданд. Дастгиршудагон аз аҳолии Ҷенин, Байти Коҳир, Ромуллоҳ, ва Узуни Каронаи бохтарӣ ҳастанд.