Феврал 05, 2020 21:11 Asia/Dushanbe
  • Муҳосираи шаҳри Сарақиб дар Идлиб

Шаҳри Сарақиб дар Идлиб аз се ҷиҳат муҳосира шуд.

Нерӯҳои артиши Сурия бо озодсозии шаҳраки Исломин дар устони Идлиб, шаҳри Сарақибро аз се ҷиҳат дар муҳосира қарор доданд.

Ба гузориши “Форс”, нерӯҳои артиши Сурия тавонистанд террористҳои Аҷнод Алқуқозро аз ин шаҳрак, ки дар шарқи шаҳри Сарақиб воқеъ шудааст, берун карда ва ин шаҳрро аз се ҷиҳати ғарб, ҷануб ва шарқ муҳосира карданд.

Тибқи нақшаии майдонии мавҷуд, нерӯҳои артиши Сурия дар вурудии ғарби шаҳри Сарақиб қарор доранд. Аз ин нуқта то шаҳри Идлиб ҳашт километр бештар фосила нест. Нуқоти дидабонии артиши Туркия низ бо нуқоти обӣ мушаххас шудааст, ки нишон медиҳад Анкара чаҳор нуқтаи дидабонӣ дар атрофи Сарақиб эҳдос кардааст то монеи пешравии нерӯҳои артиши Сурия ба самти шаҳр шаванд. Ҳарчанд ин иқдоми Туркия то кунун натиҷабахш набудааст.

Нерӯҳои артиши Сурия субҳи имрӯз низ рустои Талтавқонро дар шарқи Идлиб озод карданд. Рустое, ки дар канори яке дигар аз марокизи дидабонии Туркия ҷо гирифтааст ва дар ҳоли ҳозир амалан ин маркази дидабонӣ дар муҳосираи артиши Сурия қарор дорад.

Давлати Туркия таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳамлаи нерӯҳои артиши Сурия ба ин марокизи дидабонӣ, посухи сахте хоҳад дод. Урдуғон имрӯз гуфт, ки дар сурати ниёз нерӯҳои ҳавоӣ ва заминии Туркия таҳаррукоти худ дар Идлибро озодона оғоз хоҳанд кард.