Феврал 08, 2020 18:37 Asia/Dushanbe
  • 27 ҳазор террористи хориҷӣ дар Ироқ ва Сурия

Раиси идораи мубориза бо терроризми Созмони Миллал гуфт, ки ҳудуди 27 ҳазор террористи хориҷӣ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд.

Ба нақл аз ИРНО, Владимир Воронков эълом кард, ки гуруҳи террористии ДИИШ пас аз кушта шудани Абубакр Албағдодӣ дар октябри гузашта, ҷойгоҳи худро дар моҳи марти 2019 дар Сурия аз даст дода, бо ин вуҷуд ин гуруҳ раҳбари наве муаррифӣ кардааст ва ҳамчунон ҳастаи аслии таҳдиди террористии фиромиллиро ташкил медиҳад.

Ӯ таъкид кард, ки мо бояд бедор бошем ва дар мубориза бо гуруҳи террористии ДИИШ муттаҳид амал кунем, зеро гуруҳи террористии ДИИШ барои бозсозӣ ва эҳёи тавоноиҳои худ ва амалиёти печидаи террористӣ талошҳояшро идома медиҳад.

Раиси Идораи мубориза бо Созмони Миллали Муттаҳид афзуд, пешбинӣ мешавад бо таваҷҷуҳ ба теъдоди зиёди террористҳои хориҷӣ, ки ба Ироқ ва Сурия нақли макон кардаанд, онҳо дар кутоҳмуддат, миёнмуддат ё баландмуддат таҳдидҳои ҷиддӣ ба вуҷуд оваранд.

 

Барчасп