Оғози хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ
(last modified Mon, 10 Feb 2020 09:35:06 GMT )
Феврал 10, 2020 14:35 Asia/Dushanbe
  • Оғози хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ

Узви Комиссияи амният ва дифоъ дар парлумони Ироқ аз оғози хуруҷи низомиёни террористи амрикоӣ аз бархе пойгоҳҳои ин кишвар дар Ироқ хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Алӣ Алғонимӣ узви Комиссияи амният ва дифоъ дар парлумони Ироқ имрӯз душанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, низомиёни амрикоӣ хуруҷ аз чандин пойгоҳи низомии худ дар Ироқро оғоз карда ва исрор доранд дар ду пойгоҳи Арбил ва Айн-Ал-Асад боқӣ бимонанд вале мардум ва парлумони Ироқ бар хуруҷи онон аз тамомии пойгоҳҳо таъкид дорад.

Дар паи ҳамлаи террористии Амрико ба Бағдод дар севвуми январ, ки ба шаҳодати сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис нойиб раиси Ҳашад Аш-Шаъбии Ироқ мунҷар шуд, намояндагони парлумони ин кишвар панҷуми январ тарҳи ихроҷи низомиёни амрикоӣ аз хоки Ироқро тасвиб карданд.

Парлумони Ироқ ҳамчунин манъи истифодаи Амрико аз ҳарими ҳавоии Ироқро хостор шуд.