Феврал 19, 2020 21:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба ҷиҳоди исломӣ дар Ғазза

Артиши режими саҳюнистӣ муддаӣ шудааст, ки гурӯҳе аз размандагони ҷиҳоди исломиро дар навори Ғазза ҳадаф қарор додааст.

Артиши режими саҳюнистӣ бо судури баёнияе дар сафҳаи Твиттери худ муддаӣ шуд: «Тактирандозҳои созмони террористии ҷиҳоди исломӣ дақоиқе пеш аз Ғазза ба нерӯҳои артиши дохили Исроил шиллик карданд».

Дар идомаи ин баёния омадааст: «Низомиёни мо низ бо ҳадаф қарор додани гурӯҳи тактирандози масъули ин таҳоҷум, вокуниш нишон доданд».

Рӯзномаи «Ҷерузалим пост» низ дар бораи ин таҳаввулот гузориш дод, ки дар тирандозӣ ба самти низомиёни саҳюнист ҳеҷ касе осеб надида ва ин ки маҳалли гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ ҳадаф қарор дода шуда, дар шаҳри Хон Юнус буд.

Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ пештар таҳдид карда буд, агар фаъолиятҳои гурӯҳҳои муқовимат дар навори Ғазза зидди исроилиҳо идома ёбад, вокуниши ғофилгиркунанда ба онҳо нишон хоҳанд дод.

Навори Ғазза бо ҷамъияти ҳудуди 2 миллион нафар, аз солҳо пеш дар муҳосира қарор дорад ва режими саҳюнистӣ ҳар аз чанд гоҳе нуқоти мухталифи онро ҳадафи ҳамла қарор медиҳад.