Феврал 24, 2020 18:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ ба атрофи Димишқ ва посухи падофанди Сурия

Бештари мушакҳои шилликшуда аз сӯи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ тавассути падофанди ҳавоии Сурия раҳгирӣ шуданд.

Ба гузориши ИСНА, хабаргузории расмии Сурия аз ноком гузошта шудани ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Димишқ ва раҳгирии бештари мушакҳои шилликшуда аз сӯи ҷангандаҳои ин режим тавассути падофанди ҳавоии Сурия дар нимашаби якшанбе дар осмони атрофи Димишқ хабар дод.

Дар соати 23:25 шаб якшанбе ба вақти маҳаллӣ, падофанди ҳавоии артиши Сурия, мушакҳои шиллик шуда тавассути ҷангандаҳои ин режим аз фарози баландиҳои ишғолии Ҷавлон ба атрофи Димишқро пеш аз расидан ба аҳдофашон раҳгирӣ ва бештари онҳоро мунҳадим кард.

Мушакҳои душман ба ҳеҷ як аз фурудгоҳҳои Сурия исобат накардааст.

Дар ҳамин росто, Овихой Эдраъӣ, сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд, ки ҷангандаҳои ин режим аҳдофи мутааллиқ ба Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар ҷануби Димишқро ҳадаф қарор додааст.

Вай ҳамчунин иддао кард, мавозее, ки дар ин ҳамла ҳадаф қарор гирифтанд паноҳгоҳи муҳимме барои Ҷиҳоди исломӣ ба шумор мераванд. Ҷиҳоди исломӣ дар ин маконҳо фароянди тавсеаи васоили ҷангиро баррасӣ мекунад ва даҳҳо килограмм мавод аз навъи “AP” дар ин макон тавлид шуда, ки ба унвони сӯхти мушак истифода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ ба шаҳодат расидани яке аз фармондеҳони худ дар ҳамалоти ҷангандаҳои Исроил ба атрофи Димишқро такзиб кард.

Як манбаъ дар Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ дар ин бора гуфт, ончӣ дар расонаҳои исроилӣ дар бораи террори Акрам Ал Аҷурӣ, муовини Зиёд Нухола, дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар ҳамалоти Исроил ба Димишқ мунташир шудааст, сиҳат надорад.