Сентябр 30, 2016 20:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти ҳавоии Русия омили кушта шудани 5500 террорист дар Сурия

Гурӯҳи мавсум ба Дидабони Ҳуқуқи Башари Сурия эълом кард, дар ҳамалоти ҳавоии як соли гузаштаи Русия ба Сурия беш аз 5 ҳазору 500 террорист кушта шудаанд.

Ин гурӯҳи ҳуқуқи башарӣ, ки дафтари он дар Лондон мустақар аст, дар солрӯзи оғози ҳамалоти ҳавоии Русия ба мавозеи гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия, ки ба дархости Димишқ сурат мегирад, ин оморро эълом кардааст.

Ба гузориши Пресс ТВ, гурӯҳи мавсум ба Дидабони ҳуқуқи башар, ки аз мухолифони давлати Димишқ аст, дар ин гузориш иддао кард, ки ҳамалоти ҳавоии Русия ҳамчунин омили кушта шудани 3 ҳазору 800 ғайринизомии сурӣ шудааст.

Русия аз ҳаштуми меҳрмоҳи соли гузашта барои пуштибонӣ аз нерӯҳои артиши Сурия дар мубориза бо ДИИШ, ҳамалоти ҳавоии худро дар ин кишвар оғоз кард ва дар пайи ин пуштибонии ҳавоӣ, нерӯҳои сурӣ муваффақ ба берун рондани гурӯҳи террористии ДИИШ аз шаҳрҳои муҳиме ҳамчун Палмиро дар устони Ҳумс шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷангандаҳои Амрико ва кишварҳои узви эътилофе ки бо унвони "Зидди ДИИШ" ва таҳти фармондеҳии Иёлоти муттаҳида фаъолият ме‎кунанд, аз тобистони соли 1393 Ироқу Сурияро ҳадафи ҳамалоти ҳавоии худ қарор медиҳанд, аммо ба муваффақияти чашмгире алайҳи ДИИШ даст наёфтаанд.

 

 

 

Барчасп