Феврал 27, 2020 16:29 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли 300 мошиниборкаши ҳомили таҷҳизоти амрикоӣ ба шарқи Сурия

Амрико 300 мошиниборкаши дигар ҳомили таҷҳизот ба шарқи Сурия фиристод.

Ба гузориши Форс, бештари мошинҳои борбарии амрикоии ҳомили маводи сохтумонӣ буданд ва озими пойгоҳҳои ғайри қонунии Амрико дар Ҳасака воқеъ дар шимоли шарқи Сурия шуданд.

Бархе аз ин мошинҳо вориди пойгоҳи Tell Beydar дар Рифи Ҳисака шуданд, ки ахиран низомиёни Амрико ин пойгоҳро густариш дода буданд.

Манобеи мазкур тасреҳ карданд, бархе аз мошинҳо вориди шаҳрак «Tell Brak» дар Рифи Ҳисака шуданд. Қарор аст, Амрико, пойгоҳи низомии ҷадиде дар ин минтақа эҳдос кунад.

Ба гуфтаи ин манобе, бахши дигаре аз ин мошинҳо ба майдони нафтии Ал Умар ирсол шуданд. Амрико дар ин минтақа, як пойгоҳи ғайри қонунӣ эҳдос кард ва ахиран онро густариш дод.

Анатоли ҳамчунин гузориш дод, низомиёни амрикоии ҳозир дар устони Дайр аз-Зур (шарқи Сурия) як мақари низомӣ дар каронаи ховарии рӯди Фурот эҳдос карданд.