Март 02, 2020 18:23 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Санъо бар нақши қабоили Яман барои муқобила бо эътилофи Саудӣ

Раиси Шӯрои олии сиёсии Яман гуфт, ки бояд нақши қабоил дар ҳалли ихтилофот ва ҳамчунин муқобила бо эътилофи Саудӣ густурдатар шавад.

Пас аз амалиётҳои муваффақи артиши Яман дар устони Ал Ҷавф, ки бо ҳамкории қабоили сокини ин устон ҳамроҳ буд, Маҳдӣ ал Машот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман бар тавсеаи нақши қабоил таъкид кард.

Ба гузориши Форс, Маҳдӣ ал Машаот бо Муҳаммадалӣ ал Ҳусӣ, узви Шӯрои олии сиёсии Яман ва шайх Ҳанин Қатина, раиси ҳайати умури қабол, дидор кард ва ҳозирон дар хусуси нақши қабоил дар пирӯзиҳо алайҳи эътилофи саудӣ гуфтугӯ карданд.

Вай дар ин дидор гуфт, ки бояд нақш қабоъл барои ҳали ихтилофот ва афзоиши ваҳдат барои муқобила бо душманони Яман густариш ёбад.

Маҳдӣ ал Машаот ҳамчунин гуфт, ки дар гузашта мавориди зиёде аз ихтилофот марбут ба хунхоҳӣ байни қабоил ҳалу фасл ва байни онҳо тавофуқоти сулҳ имзо шудааст.