Кашфи гӯри дастиҷамъии қурбониёни ДИИШ дар шимоли Сурия
Март 03, 2020 18:55 Asia/Dushanbe
Масъулони маҳаллии устони Раққаи Сурия аз кашфи гӯри дастаҷамъӣ бо 145 ҷасад аз қурбониёни ҷиноёти гурӯҳи террористии ДИИШ хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин гӯри дастаҷамъӣ дар ғарби шаҳри Раққа кашф шудааст.
Дидабони ҳуқуқи башари Сурия 17 октябри соли 2017 аз озодии комили шаҳри Раққа аз ишғоли ДИИШ хабар дод.
То кунун чандин гӯри дастаҷамъӣ аз қурбониёни ҷиноёти ДИИШ дар Ироқ ва Сурия кашф шудааст.