Март 03, 2020 18:55 Asia/Dushanbe
  • Кашфи гӯри дастиҷамъии қурбониёни ДИИШ дар шимоли Сурия

Масъулони маҳаллии устони Раққаи Сурия аз кашфи гӯри дастаҷамъӣ бо 145 ҷасад аз қурбониёни ҷиноёти гурӯҳи террористии ДИИШ хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин гӯри дастаҷамъӣ дар ғарби шаҳри Раққа кашф шудааст.

Дидабони ҳуқуқи башари Сурия 17 октябри соли 2017 аз озодии комили шаҳри Раққа аз ишғоли ДИИШ хабар дод.

То кунун чандин гӯри дастаҷамъӣ аз қурбониёни ҷиноёти ДИИШ дар Ироқ ва Сурия кашф шудааст.

 

Барчасп