Март 09, 2020 20:11 Asia/Dushanbe
  • Ҷилавгирӣ аз ҳаракати корвони Русия дар Сурия аз сӯи низомиёни амрикоӣ

Низомиёни амрикоӣ монеи ҳаракати корвони Русия дар Сурия шуданд.

Манобеи маҳаллӣ дар шимоли Сурия мегӯянд, як корвони гашти Русия қасди убур аз майдони «Tell Tamer»-ро дошт, ки бо мумониати низомиёни амрикоӣ мувоҷеҳ шуд.

Ба гузориши Форс,«гашти амрикоӣ аз ҳаракати корвони низомии бузурги рус, ки машғули ҳамли таҷҳизоти низомӣ аз майдони Tell Tamer буд, ҷилавгирӣ кард. Корвони Русия ба самти Қомшлӣ дар ҳаракат буд».

Вазорати дифои Русия субҳи имрӯз (душанбе) эълом карда буд, ки гаштҳои низомии Русия дар марзи Туркия-Сурия, дар устонҳои Ҳасака, Ҳалаб ва Раққа аз сар гирифта шудааст.

Ба навиштаи хабаргузории Спутник, дар адмирал Олег Журавлев, мудири маркази оштии Русия дар Сурия ҳамчунин афзуд, ки ҷангандаҳои русӣ низ гаштҳои ҳавоӣ бар фарози манотиқи мутааддиде аз Сурияро анҷом медиҳанд.

Пештар низ нирӯҳои амрикоии ҳозир дар Сурия ба тақобул бо нируҳои русӣ пардохта ва аз ҳузури онҳо дар наздикии як майдони нафтӣ дар шимоли шарқи Сурия ҷилавгирӣ карданд.

Михаил Богданов, муовини вазири умури хориҷаи Русия ҳам бо маҳкум кардани ҳузури низомиёни амрикоӣ дар маёдини нафтии шимоли Сурия, гуфт, ин иқдом мунҷар ба афзоиши таниш дар ин кишвар мешавад.