Март 13, 2020 17:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳавоии Амрико ба пойгоҳҳои басиҷи мардумӣ дар Ироқ

Манобеи ироқӣ бомдоди ҷумъа аз ҳамлаи ҷанганда‎ҳои амрикоӣ ба мавозеи Созмони басиҷи мардумии Ироқ, мавсум ба “Ҳашдушшаъбӣ” дар устон‎ҳои Салоҳ уддин, Бобил, Басра, Карбало ва Восит хабар доданд.

Ба гузориши ИРНА, манобеи ироқӣ эълом карданд, ҷангандаҳои амрикоӣ ба таври густурда дар ҳоли парвоз бар фарози осмони Ироқ ҳастанд.

Ҳанӯз гузорише аз хисорот ва талафоти эҳтимолии ин ҳамла мунташир нашудааст.

Хабаргузории “Рейтерз” ба нақл аз ду мақоми амрикоӣ эълом кард, ин ҳамла дар вокуниш ба ҳамлаи ракетии чаҳоршанбешаб ба пойгоҳи низомии “Аттоҷӣ”, маҳалли истиқрори низомиёни хориҷӣ дар Ироқ сурат гирифтааст.

Вазорати дифои Амрико бомдоди ҷумъа дар баёнияе зимни таъйиди ҳамлаи ҳавоии ин кишвар ба мавозеи Созмони басиҷи мардумии Ироқ эълом кард, ҷангандаҳои амрикоӣ 5 пойгоҳи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ, аз зермаҷмӯаҳои Ҳашдушшаъбиро бомбаборон кардаанд.

Пентагон дар ин баёния муддаӣ шуд, дар ин ҳамла анборҳои таслиҳотӣ, ки аз онҳо барои ҳадаф қарор додани пойгоҳи низомии “Аттоҷӣ” дар шимоли Бағдод истифода шуда буд, ҳадаф қарор гирифтааст.

Дар ҳамлаи ракетии машкуки чаҳоршанбешаб ба пойгоҳи низомии “Аттоҷӣ” дар устони Салоҳуддин, дар шимоли Бағдод, чаҳор низомии амрикоӣ ва англис кушта ва 26 низомии дигар захмӣ шуданд.

Амрико билофосила пас аз ин ҳамла, Созмони басиҷи мардумии Ироқро омили он муаррифӣ кард, аммо ин созмон ба сароҳат эълом кард, ки дар ин ҳамла ҳеҷ нақше надоштааст.

Амрико ва режими саҳюнистӣ то кунун чандин бор мавозеи Ҳашдушшаъбӣ дар манотиқи мухталифи Ироқ ва низ Сурияро ҳадаф қарор додаанд.

Созмони басиҷи мардумии Ироқ ба унвони яке аз аъзои аслии ҷабҳаи муқовимат, нақше асосӣ дар муқобила бо тавтеаҳо ва иқдомоти меҳвари амрикоӣ - саҳюнистӣ дар минтақа дорад.

Ҳашдушшаъбӣ дар соли 2016 бо мувофиқати парлумони Ироқ, таҳти фармондеҳии кулли нурӯҳои мусаллаҳи ин кишвар қарор гирифт.

 

 

 

Барчасп