Март 14, 2020 18:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи дубораи мушакӣ ба пойгоҳи низомии Амрико дар Ироқ

Манобеи расонаӣ аз партоби чандин ракет ба маҳалли истиқрори низомиёни амрикоӣ дар пойгоҳи Ал-Тоҷӣ дар шимоли Бағдод хабар доданд.

Ба нақл аз Ал-Олам, дар чанд рӯзи ахир ин дуввумин бор аст, ки маҳалли истиқрори низомиёни ишғолгари амрикоӣ дар пойгоҳи Ал-Тоҷӣ ҳадаф қарор мегирад.

Бархе манобеи хабарӣ эълом карданд, то кунун беш аз 20 мушаки Катюша ба бахши амрикоии пойгоҳи низомии Ал-Тоҷӣ дар шимоли Бағдод асобат кардааст.

Дар бораи мизони талафоти эҳтимолии ин ҳамла хабаре мунташир нашудааст.

Пойгоҳи Ал-Тоҷӣ чаҳоршанбеи гузашта низ ҳадафи асобати чанд мушак қарор гирифт.

Мақомоти амрикоӣ, кушта шудани ду низомии ин кишвар, як низомии британияӣ ва захмӣ шудани 12 нафари дигарро дар ин ҳамлаи ракетӣ таъид кардаанд.

 

Барчасп