Март 16, 2020 10:19 Asia/Dushanbe
  • 298 мақоми саудӣ боздошт шуданд

Расонаҳои Арабистони саудӣ аз боздошти 298 мақоми ин кишвар аз ҷумла шуморе аз афсарони артиш ва полиси Арабистон хабар доданд.

Ба нақл аз ИРНО, рӯзномаи Уккоз чопи Арабистон эълом кард, ин ашхос ба иттиҳоми фасоди молӣ ва сӯиистифода аз мансабҳои худ боздошт шудаанд.

Ҳукумати саудӣ пештар низ дар чорчуби барномаи мавсум ба мубориза бо фасод садҳо нафар аз мақомот ва шоҳзодагони ин кишварро боздошт карда буданд.

Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ бар ин боваранд, ки боздоштҳои худсаронаи ҳукумати саудӣ бештар бо ҳадафи ҳазфи рақибони Муҳаммад бин Салмон, валиъаҳди Арабистон сурат мегирад.

Рӯзномаи британияии Гардиян низ ахиран дар гузорише эълом кард раванди таҳаввулоти Арабистон дар солҳои ахир аз як улгӯи возеҳ пайравӣ мекунад; аз замоне, ки Муҳаммад бин Салмон, валиъаҳди Арабистон шудааст, Риёз ҳаргуна мухолифатеро сарфи назар аз онки аз сӯи чи касе бошад ба тарзи ваҳшиёна саркуб мекунад.

Муҳаммад бин Салмон фикри подшоҳӣ дар Арабистон дорад ва бо  таваҷҷуҳ ба вазъияти ҷисмонии падараш Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи 85 солаи Арабистон шанси аслии расидан ба курсии подшоҳӣ аст.