Март 18, 2020 20:48 Asia/Dushanbe
  • Ахборе аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз пойгоҳи Алқоим дар ғарби Ироқ

Як манбаи маҳаллии хабарӣ дар устони Аланбор эълом кард, артиши Ироқ контроли пойгоҳи Алқоим дар ғарби кишварро дар пайи ақибнишинии эътилофи байналмилалӣ таҳти амри Амрико аз ин минтақа ба даст гирифт.

Ба гузориши ИСНА, баъд аз хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ таҳти раҳбарии Амрико аз пойгоҳи Алқоим, артиши Ироқ бар ин пойгоҳ мусаллат шуд.

Ин манбаъ, ки хост номаш фош нашавад, тасреҳ кард, нерӯҳои эътилоф чанд рӯз қабл аз пойгоҳи Алқоим хориҷ шуданд ва ба пойгоҳи Айнуласад дар минтақаи Албағдодӣ гусел шуданд.

Дар ҳамин росто, “Алмаёдин” гузориш кард, бархе масъулон дар эътилоф таъкид карданд, эътилофи байналмилалӣ садҳо тан аз нерӯҳои худро муҷаддадан дар манотиқе дигар ва ба вижа хориҷи Ироқ мустақар мекунад. Ин манобеъ афзуданд, нерӯҳои эътилоф се пойгоҳ аз маҷмӯи ҳудуди 12 пойгоҳи мустақар дар Ироқ, аз ҷумла ду пойгоҳ Алқаёра ва Киркукро тарк хоҳанд кард.

Як манбаъ низ асри рӯзи гузашта гузориш дод, панҷ тан дар асари шиллики чаҳор хумпора дар шаҳристон Тузхурмоту, воқеъ дар шарқи Салоҳуддин захмӣ шуданд.

“Шумирия нюз” ҳамчунин аз исобати ду мушак ба урдугоҳи Самоия дар ҷануби Бағдод хабар дод.

Аз сӯи дигар, сарпарасти остони Қудси ҳусайнӣ дар Карбало эълом кардааст, эҳтимол меравад ҳамлаи артиши Амрико ба фурудгоҳи байналмилалии Карбало бо аслиҳаи биологӣ, микробӣ ё кимиёӣ сурат гирифта бошад ва дар ҳамин росто бо вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои давлатии зирабт дар кишвар барои таҳқиқ дар ин хусус дар тамос аст.