Март 21, 2020 17:34 Asia/Dushanbe
  • Набуди мубтало ба бемории коронавирус дар Сурия

Вазири беҳдошти Сурия: То кунун ҳеҷ мавриди ибтило ба коронавирус сабт нашудааст.

Ба гузориши ИСНА, Назор Ёрҷӣ, вазири беҳдошти Сурия таъкид кард, ки то рӯзи панҷшанбе ҳеҷ мавриди ибтило ба коронавирус сабт нашудааст ва Вазорати беҳдошт танҳо манбаи иттилоот дар ин замина аст.

Ёрҷӣ хитоб ба хабарнигорон пас аз нишасте дар бораи иқдомоти гирифташуда ҷиҳати муқобила бо коронавирус, гуфт:

Вазорати беҳдошт бевақфа аз тариқи тимҳои "назорат бар коронавирус"-и мустақар дар Сурия дар саросари ин кишвар,ки теъдоди онҳо  ҳудуди 1126 тим аст, бар ҳар гуна шикоят аз сӯи шаҳрвандон ва ё дархости онҳо барои мушовара бо анҷоми озмоиши сареъ посух медиҳад.