Октябр 02, 2016 18:12 Asia/Dushanbe
  • Ҷадидтарин омор аз ҷиноёти режими саудӣ дар Яман

Ҳамалоти беш аз якунимсолаи режими саудӣ ба Яман, зиёда аз бистунуҳ ҳазор ямании кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии "Яман пресс", Маркази ҳуқуқии Танмияи Яман рӯзи шанбе дар гузорише эълом кард, дар беш аз 560 рӯзи ҳамалоти режими саудӣ ба Яман, беш аз даҳ ҳазору панҷсад яманӣ кушта шуданд, ки ҳудуди 2400 нафари онон кӯдак ва беш аз 1700 нафар зан ҳастанд.

Бар асоси ин гузориш, дар ҳамалоти Арабистон ба Яман садҳо ҳазор хона, муҷтамаи маскунӣ ва зерсохтҳои Яман, аз ҷумла ҳудуди 700 масҷид ва беш аз 260 бемористон ва маркази дармонӣ низ вайрон шудааст.

Ба гузориши Маркази ҳуқуқии Танмияи Яман, дар ҳамалоти 560 рӯзаи Арабистон ба Яман, беш аз ҳаждаҳ ҳазору панҷсад яманӣ захмӣ шудаанд, ки ҳудуд 2201 нафари онон кӯдак ва 1806 нафар зан ҳастанд.

Маркази ҳуқуқии Танмияи Яман ҳамчунин таъкид кард, як кумитаи байналмилалии мустақил барои таҳқиқ дар бораи ҷиноят‎ҳое, ки мутаҷовизони саудӣ бо ҳимояти Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ муртакиб шудаанд, ташкил шавад ва ҳама созмонҳо ва дафтарҳои Созмони милал фаъол шаванд ва ба масъулиятҳои худ дар қиболи фоҷеаи инсонӣ дар Яман амал кунанд.