Март 29, 2020 13:12 Asia/Dushanbe
  • 62 марказ ва созмони арабӣ хостори бекор кардани таҳримҳои Эрон шуданд

Теъдоде аз марокиз, созмонҳо ва ҷамъиятҳо дар кишварҳои арабӣ дар пайи шуюи коронавирус, бекор кардани таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, рафъи муҳосираи Яман, таваққуфи ҳамалот ва тақдими кӯмакҳои инсонӣ ба миллати Фаластинро хостор шуданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории Форс; 62 марказ, эътилоф, созмони ҳуқуқи башарӣ ва ҷамъият дар кишварҳои арабӣ дар баёнияе аз Созмони Миллал хостанд илова бар анҷоми иқдомоте дар ростои бекор кардани таҳримҳои иқтисодии Амрико алайҳи Эрон, барои таъмини таҷҳизоти пизишкӣ барои миллати Эрон низ талош кунанд.

Дар ин баёния омадааст: Созмони Миллал, Шурои ҳамкории Халиҷи Форс ва Иттиҳодияи Аврупо бо ироаи кӯмакҳои инсонӣ дар ростои таваққуфи ҷанг ва муҳосираи Яман ва барқарории сулҳ талош кунанд ва кӯмакҳои инсонӣ, пизишкӣ ва молиро ба миллати Фаластин дар Каронаи Бохтарӣ, борикаи Ғазза ва урдугоҳҳои фаластинӣ ироа диҳанд.

Ин 62 марказ ва созмони арабӣ ҳамчунин дар ин баёния аз Созмони Миллал хостанд дар ростои бастани тамоми марокизи биологик ва микробӣ, ки дорои аҳдофи низомӣ ва хасмона ҳастанд, талош кунад.

Дар ин баёния бар кӯмаки тамоми созмонҳо ва фаолони ҳуқуқи башарӣ дар ҷаҳон ба давлатҳо барои муқобила бо коронавирус низ таъкид шудааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз  660 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба коронавирус мубтало шуданд, ки аз ин теъдод 30 ҳазору 800 нафар фавт кардаанд ва 142 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.